Тренинги саводнокии молиявии ДОМ дар доираи Ҳафтаи ҷаҳонии пул

Аз 9 то 17 моҳи марти соли 2015 Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) якҷоя бо  Ташкилоти байналмилалии молиявии кӯдакон Ҳафтаи Ҷаҳонии Пулро (ҲҶП) барои ҷавонон мегузаронад. Тавре аз ДОМ хабар доданд, ҲҶП ин ҷашнгирии солонаи байналмилалии маълумот оиди пул барои ҷалб намудани кӯдакон ва ҷавонони тамоми дунё дар омӯхтани вазифаҳои пул, аз он ҷумла сарфакорӣ, ба […]



Аз 9 то 17 моҳи марти соли 2015 Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) якҷоя бо  Ташкилоти байналмилалии молиявии кӯдакон Ҳафтаи Ҷаҳонии Пулро (ҲҶП) барои ҷавонон мегузаронад.

Тавре аз ДОМ хабар доданд, ҲҶП ин ҷашнгирии солонаи байналмилалии маълумот оиди пул барои ҷалб намудани кӯдакон ва ҷавонони тамоми дунё дар омӯхтани вазифаҳои пул, аз он ҷумла сарфакорӣ, ба даст овардани воситаи зиндагӣ, дарёфти ҷои корӣ ва ноил шудан ба соҳибкорӣ мебошанд. ҲҶП ташаббуси афзояндаи байналмиллалист, ки соли 2014 дар он се миллион кӯдакон ва ҷавонони 118 мамлакат дар 2 000 фаъолиятҳои аз тарафи 490 ташкилот ташкилнамуда иштирок намуданд.

Дар тӯли ҳафта Мактаби Маълумоти Касбӣ ва Давомдор (ММКД)-и ДОМ як қатор фаъолиятҳоро дар шаҳру ноҳияҳо бо мақсади баланд бардоштани саводнокӣ ва огоҳӣ дар байни ҷавонон ҳамоҳанг намуд. Бо мақсади баланд бардоштани имкониятҳо ва зиёд намудани шарикони минтақавии ДОМ машғулиятҳо ва фаъолиятҳоро дар марказҳои таълимии ММКД-и Хоруғи Тоҷикистон, Нарини Қирғизистон, Текелии Қазоқистон, мактабҳои маҳаллии Хоруғ ва Текели, Омӯзишгоҳи таълимии муаллимон дар Шуғнон, Ишкошим ва Дарвози Афғонистон, ва инчунин Донишгоҳи Бадахшон дар Файзободи Афғонистон баргузор гардиданд.

“ММКД ӯҳдадориро баҳри баланд бардоштани маҳорати идоракунии молиявӣ ва соҳибкориро дар байни толибилмони ҷавон ва калонсолон ба зиммаи худ гирифт, мегӯяд Гулнора Ҷунушалиева, директори ММКД. Толибилмони ҷавони имрӯза пагоҳ соҳибкор мешаванд ва бо ҳамин эҷод намудани огоҳии молиявӣ ва ӯҳдадорӣ дар байни шаҳрвандони ҷавон сармоягузории хуб аст.”

Дар зери мавзӯи “Имрӯз захира намо. Пагоҳ захира намо”, ММКД фаъолиятҳои ҲҶП-ро, ки ба ҷавонон имконияти эҷодкорона аз худ намудани ахборот ва ташкилотҳое, ки масъулияти молиявӣ доранд, дастгирӣ намуд. Нишасти омӯзишӣ дар ҳамаи чор мамлакат оиди Банақшагирии молиявӣ ва идоракунӣ барои ҷовонон, инчунин Банақшагирии молиявӣ ва Захиранамоӣ дар ҳаёти Шумо, Буҷаи шахсии Шумо, ва чӣ гуна захира намудан ва оқилона истифода бурдани пул, гузаронида шудаанд. Дар Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Қазоқистон озмуни расмкашӣ дар мавзӯи пул гузаронида шуд.

Ин бори аввал нест, ки ММКД толибилмони ҷавон ва соҳибкоронро ба масъулияти молиявӣ машғул ва ӯҳдадор мекунад. Аз соли 2012 ММКД барномаи омӯзишии иҷтимоии соҳибкориро Ҷаҳони гирди худро дигаргун намо! дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва Қазоқистон ҷонибдорӣ намуд. Омӯзиш соҳибкории иҷтимоӣ, бозори иҷтимоӣ, банақшагирии тиҷорат, технологияи информасионӣ, презентасия ва маҳорати гуфтушунид ро дар бар мегирад. ДОМ барномаро бо маблағ аз ҳисоби Бунёди Coca Cola ва муассисаи Coca Cola таъмин намуд  ва то имрӯз барои 62 иштироккунанда омӯзиш гузаронида шуд. Дар натиҷа 15 нафари ғолиб имконият пайдо карданд, ки зиёда аз 3, 000 доллари америкоиро барои амалӣ намудани пружаҳои худ ба даст дароранд.

ММКД нахустин дар Осиёи Марказӣ пешниҳодкунандаи барномаҳои таълимии кӯтоҳмуддати расмӣ, донишгоҳасос ва ғайридараҷаи илмӣ аст, ки ҷавононро соҳиби ихтисосҳои касбӣ ва техникӣ дар шакли ба онҳо мувофиқ ва онҳоро бо имкониятҳои соҳиби кор будан ва баланд бардоштани даромад таъмин мекунад. Бо таҷҳизоти таълимӣ дар Хоруғ ва Душанбеи Тоҷикистон; Нарин ва Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон; Текели, Қазоқистон ва дар Шуғнон, Ишкошим, Файзобод ва Дарвози Афғонистон, ММКД зиёда аз 74 000 донишомӯзро аз соли 2006 фаро гирифт. Мувофиқи мақсади асосии ДОМ баҳри ривоҷ додани рушди иҷтимоӣ ва иҷтисодӣ, ММКД барномаҳоеро пешниҳод мекунад, ки дар самти рушди идомаёбандаи соҳибкорӣ дар минтақа, аз он ҷумла Рушди Соҳибкорӣ, Идоракунии соҳибкории Хурд ва идоракунии соҳибкории амалӣ ва курсҳои ҳисобдории байналмилалӣ, фаъолият мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.