КДАМ: Боздошти 3 сокини Ҳамадонӣ ба гумони нашъаҷаллобӣ



Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ 3 сокини ноҳияи Ҳамадониии ҳаммарз бо Афғонистонро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт ва аз онҳо 18,5 кило маводи мухаддири афюнро мусодира намуданд.

Тавре аз маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, зимни тафтишоти пешакӣ муайян карда шудааст, ки онҳоро бо маводи мухаддир барои фурӯши минбаъда шаҳрванди Афғонистон бо номи Сӯфӣ аз ин кишвар таъмин карда будааст.

«Яке аз боздоштшудагон бо Сӯфӣ дар зиндони Тоҷикистон барои муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳамроҳ адои ҷазо намуда, дар он ҷо бо ҳамдигар шинос мешаванд ва пас аз ба озодӣ баромадан ҷиҳати «ҳамкорӣ» дар интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон ба мувофиқа мерасанд. Шаҳрванди Тоҷикистон ба ин тиҷорати ҷинояткорона боз ду ҳамдиёрашро ҳам ҷалб мекунад, ки онҳо маводи мухаддирро аз Афғонистон ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати боздоштшудагон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное