Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ оид ба муҳоҷират дар Русия иттилоъ медиҳад, ки бар асари сӯхтор дар маркази савдои «Адмирал»-и шаҳри Қазони Русия, ки рӯзи 11 март рух дод, боз ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расида, шумори умумии тоҷикистониёни ҳалокшуда дар ин ҳодиса ба 6 нафар расид.
Сухангӯи намояндагии мазкур Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нимаи дуюми рӯзи 12 март маълум шудааст, ки миёни ҳалокшудагон аз сӯхтор боз ду шаҳрванди Тоҷикистон – Ҳомидов Шокир Ҳокимович ва як фурӯшанда бо номи Асадулло низ ҳузур доранд.
Қаблан иттилоъ дода будем, ки бар асари сӯхтор дар ин маркази савдо зодагони ноҳияи Рӯдакӣ – Тӯраев Қосимҷон Аъзамхоҷаевич (санаи таваллуд 15.06.1971 сол) ва Ҳикматуллои Хайтуллохон (с/т 26.02.1992 сол) ва ҳамчунин зодагони ноҳияи Ёвон – Риёев Эмомалӣ Раҳматуллоевич (с/т 04.11.1984 сол) ва Давронов Алишер Азизович (с/т 08.11.1996 сол) ба ҳалокат расидаанд.
Сӯхтор дар маркази савдои «Адмирал»
-и шаҳри Қазон рӯзона дар яке аз қаҳвахонаҳои ошёнаи якуми рух дода, аз марказ дар маҷмӯъ 650 нафар наҷот дода шуданд. Сӯхтор дар майдони 4 ҳазор метри мукааб хомӯш карда шуда, сохторҳои бино қисман хароб ва кӯчиданд. Шумори дақиқи ҳалокшудгаону осебдидагон то ҳол саҳеҳан маълум нест.
Бино ба иттилои
радиои «Озодӣ»
, сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ба наздикони қурбоншудагон дар ин сӯхтор изҳори ҳамдардӣ карда, хостори ироаи тамоми ёроиҳои лозим ба наздикони қурбониён ва осебдидагон шудааст.



