Шумори тоҷикони ҳалокшуда аз сӯхтор дар Қазон ба 6 нафар расид

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ оид ба муҳоҷират дар Русия иттилоъ медиҳад, ки бар асари сӯхтор дар маркази савдои «Адмирал»-и шаҳри Қазони Русия, ки рӯзи 11 март рух дод, боз ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расида, шумори умумии тоҷикистониёни ҳалокшуда дар ин ҳодиса ба 6 нафар расид. Сухангӯи намояндагии мазкур Иброҳим […]

Аваз Юлдошев



Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ оид ба муҳоҷират дар Русия иттилоъ медиҳад, ки бар асари сӯхтор дар маркази савдои «Адмирал»-и шаҳри Қазони Русия, ки рӯзи 11 март рух дод, боз ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расида, шумори умумии тоҷикистониёни ҳалокшуда дар ин ҳодиса ба 6 нафар расид.

Сухангӯи намояндагии мазкур Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нимаи дуюми рӯзи 12 март маълум шудааст, ки миёни ҳалокшудагон аз сӯхтор боз ду шаҳрванди Тоҷикистон – Ҳомидов Шокир Ҳокимович ва як фурӯшанда бо номи Асадулло низ ҳузур доранд.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки бар асари сӯхтор дар ин маркази савдо зодагони ноҳияи Рӯдакӣ – Тӯраев Қосимҷон Аъзамхоҷаевич (санаи таваллуд 15.06.1971 сол) ва Ҳикматуллои Хайтуллохон (с/т 26.02.1992 сол) ва ҳамчунин  зодагони ноҳияи Ёвон – Риёев Эмомалӣ Раҳматуллоевич (с/т 04.11.1984 сол) ва Давронов Алишер Азизович (с/т 08.11.1996 сол) ба ҳалокат расидаанд.


Сӯхтор дар маркази савдои «Адмирал»

-и шаҳри Қазон рӯзона дар яке аз қаҳвахонаҳои ошёнаи якуми рух дода, аз марказ дар маҷмӯъ 650 нафар наҷот дода шуданд. Сӯхтор дар майдони 4 ҳазор метри мукааб хомӯш карда шуда, сохторҳои бино қисман хароб ва кӯчиданд. Шумори дақиқи ҳалокшудгаону осебдидагон то ҳол саҳеҳан маълум нест.

Бино ба иттилои 

радиои «Озодӣ»

, сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ба наздикони қурбоншудагон дар ин сӯхтор изҳори ҳамдардӣ карда, хостори ироаи тамоми ёроиҳои лозим ба наздикони қурбониён ва осебдидагон шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.