Сарбози Вазорати мудофиа ҳамхизматашро парронд

Сарбози қисми низомии 07017-и воқеъ дар ноҳияи Бохтари Вазорати мудофиаи ҶТ аз силоҳ ба сӯйи ҳамхизмати худ тир холӣ кард. Алимардонзода Маҳмудалӣ Амрияздон, прокурори прокуратураи ҳарбии гарнизони Қӯрғонтеппа ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нимаи аввали рӯзи 10-уми март миёни сарбозони хизмати ҳатмии ҳарбӣ Илҳом Бобоев, ки дар навбатдорӣ қарор дошт ва Исломиддин […]

Сайраҳмон Назриев



Сарбози қисми низомии 07017-и воқеъ дар ноҳияи Бохтари Вазорати мудофиаи ҶТ аз силоҳ ба сӯйи ҳамхизмати худ тир холӣ кард.

Алимардонзода Маҳмудалӣ Амрияздон, прокурори прокуратураи ҳарбии гарнизони Қӯрғонтеппа ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нимаи аввали рӯзи 10-уми март миёни сарбозони хизмати ҳатмии ҳарбӣ Илҳом Бобоев, ки дар навбатдорӣ қарор дошт ва Исломиддин Искандар муноқиша рух дода, дар натиҷа Бобоев аз автомат ба сӯйи Искандаров тир мепарронад. «Дар роҳ ба бемористони вилоят Искандар ба ҳалокат расидааст», – иброз дошт прокурор.

Ба гуфтаи ӯ, нисбати сарбоз И.Бобоев, ки якуним сол қабл аз Шаҳринав ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда буд, мутобиқи моддаи 104, қ. 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз гардида, суди ҳарбии гарнизони Хатлон барои ба ҳабс гирифтани ӯ иҷозат додааст.

Сарбози ҳалокшуда Исломиддин Искандар як сол қабл аз шаҳри Сарбанд ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.