Ҷопон ба дастгирии бахши маорифи Тоҷикистон идома медиҳад

Ҷаноби Такашӣ Камада, Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 11 марти соли 2015 дар маросимҳои бомуваффақ анҷом ёфтани лоиҳаҳои Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ ширкат варзид. Тавре аз сафорати Ҷопон дар ҶТ хабар доданд, маросими бобарор ба итмом расидани «Лоиҳаи сохтмони бинои иловагӣ барои мактаби миёнаи […]

ASIA-Plus



Ҷаноби Такашӣ Камада, Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 11 марти соли 2015 дар маросимҳои бомуваффақ анҷом ёфтани лоиҳаҳои Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ ширкат варзид.

Тавре аз сафорати Ҷопон дар ҶТ хабар доданд, маросими бобарор ба итмом расидани «Лоиҳаи сохтмони бинои иловагӣ барои мактаби миёнаи №166 дар қишлоқи «Болошаҳр»-и ҷамоъати «Гулистон»-и ноҳияи Рӯдакӣ» дар ҳудуди мактаби №166 дар ноҳияи Рўдакӣ баргузор гашт. Барои бунёди бинои мактаби нав ба ҳайси грант аз тарафи Ҳукумати Ҷопон барои мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Рудакӣ маблағи умумии 113,879 доллари ИМА дастрас гардонида шуд. Бо сохтмони бинои иловагӣ, мактаби №166 имкон пайдо намуд, ки барои шумораи бештари хонандагон муҳити хуби хонишро фароҳам орад.

Хонум Мавҷуда Бобоева, муовини раиси ноҳияи Рўдакӣ зимни суханрониаш қайд намуд, ки лоиҳаи мазкур барои ҷомеаи маҳаллӣ аҳамияти хоса дорад ва миннатдории хешро ба Ҳукумати Ҷопон барои дастгирии лоиҳаи мазкур баён намуд.

Худи ҳамон руз, ҷ-би Камада барои мушорикат дар ҷашни анҷом ёфтани «Лоиҳаи сохтмони бинои нав барои мактаби №12 дар қишлоқи «Фатҳобод»-и ҷамоъати «Мискинобод»-и ноҳияи Файзобод», ки ба маблағи 108,260 доллари ИМА амалӣ гардонида шуд, ба ноҳияи Файзобод ташриф овард.

Ҷаноби Имомназар Каримиён, раиси ноҳияи Файзобод ва хонандагони мактаб ҷ-би Камадаро гарм истиқбол намуданд. Бо сохтмони бинои нав, мактаби №12 ҳоло қодир аст, шумораи бештари хонандагонро аз синфҳои 1 то 9 ба таҳсил фаро гирифта имконияти таълимиро барои хонандагони мазкур васеъ гардонад. Қабл аз татбиқи лоиҳа, мактаби № 12 танҳо талабаҳои синфҳои ибтидоиро ба таҳсил фаро мегирифт. 

Ҷаноби Камада дар баромади хеш зикр намуд, ки «Талоши бардавом барои дастгирӣ намудани лоиҳаҳо дар бахши аъзами аҳолӣ, ба ҳар як ҷомеаи маҳаллӣ таъсири назарраси худро мегузорад». Биноан Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ дар ҳамкорӣ бо мардуми Тоҷикистон баҳри бунёд сохтани ҷомеаи беҳтар кӯмаки хешро идома медиҳад.

Кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ тарҳи Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд мебошад. Алалхусус, лоиҳаҳои кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ барои дастгирӣ намудани соҳаҳои мухталифи бахши аъзами аҳолӣ дар сартосари Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудаанд. Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҳамчунин ба созмонҳои ғайридавлатӣ расонида мешавад. Аз соли 1996 то инҷониб, кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 341 лоиҳаро ба маблағи умумии $27.6 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.