Ҳабси тоҷири дастгоҳи иҷроияи президентро фиребдода



Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар содир намудани як қатор ҷиноятҳо директори ҶДММ «Фатҳ-2010» ва ҶДММ «Строй Гигант»-и пойтахт Зайниддин Раззоқовро ба ҳабс гирифт.

Зайниддин Раззоқов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддахои 262 (Ба расмият даровардани (қонунӣ гардонидани)  маблағҳои пулӣ  ё  молу мулки дигари ғайриқонунӣ ба  даст  овардашуда), 292 (Саркашӣ аз супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ) ва 295 (Суистифода аз ваколат)-и КҶ ҶТ гумонбар дониста мешавад.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Агентии зиддифасод, ба сифати директори ҶДММ «Фатҳ-2010» ва бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ З.Раззоқов моҳи сентябри соли 2013 тибқи санади тендер ва шартнома бо дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, барои харидории 1563 адад компютер ва 163 адад принтер аз БДА «Амонатбонк» 4 млн. 447,6 млн. сомонӣ маблағ гирифта, аз ин миқдор маблағ 360 ҳазор сомониро, ки бояд ба сифати андоз пардохт мешуданд, ба манфиати худ сарф мекунад ва оид ба ин амалиёт ба фармоишгар (Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ) ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашудаи қалбакиро пешниҳод намудааст.

«Сипас ӯ аз ҳисоби ин маблағҳо дидаю дониста моҳи марти соли 2014 аз бозори фурӯши воситаҳои нақлиёти шаҳри Душанбе, ба маблағи 196 ҳазор сомонӣ (40 ҳазор $) автомашинаи тамғаи «Каделак-Эскалид» (внедорожник)-ро харидорӣ карда, бо ин роҳ маблағҳои пулии бо роҳи ҷиноят ба даст овардаашро ба расмият даровардааст», – омадааст дар хабари Агентии зиддфасод.

Гуфта мешавад, зимни санҷиши фаъолияти ҶДММ «Фатҳ-2010» ва ҶДММ «Строй Гигант» далелҳои саркашӣ аз пардохти андозҳо ба маблағи умумии 2 млн. 74,6 ҳазор сомонӣ ошкор карда шудаанд.

spot_imgspot_img

Популярное