Н.Бордюжа: Нақшаи тадбирҳои раёсати Тоҷикистон дар СААД босамар амалӣ мегардад



Нимаи дуюми рӯзи 13 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфта, дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни вохӯрӣ ба ҷараёни раёсати Тоҷикистон дар СААД, афзалиятҳои раёсати кишвар ва омодагӣ ба ҳамоишҳои сатҳи баланд ва олии он, ки дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳанд шуд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Гуфта мешавад, рафти татбиқи амалии қарорҳои қаблан дар сатҳи олӣ қабулшуда, аз ҷумла доир ба расондани кумаки фаврӣ ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон ва тақвияти имконоти техникӣ барои пешгирӣ аз хатарҳои терроризму ифротгароӣ низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.

Николай Бордюжа ба Сарвари давлати Тоҷикистон, Раиси амалкунандаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷараёни корҳо гузориш дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки нақшаи чорабиниҳои раёсати Тоҷикистон дар СААД босамар амалӣ мегардад.

Доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои сиёсию иҷтимоӣ ва амниятӣ дар минтақаҳои доғи олам ва роҳҳои пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

spot_imgspot_img

Популярное