Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ, ки санаи 16 март писари президент Рустами Эмомалӣ ба ин Агентӣ роҳбар таъин шуд, ба гумони даст доштан дар порагирӣ сармутахассиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ Иззатулло Азизовро боздошт намуданд.
Гузориши видеоии аз ҷониби маркази матбуоти Агентии зиддифасод таҳияшуда тариқи Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон шоми рӯзи 18 март пахш гардид.
Боздоштшуда аз шахсе барои ба ҳаҷ фиристодани ӯ ба сифати пора 2 ҳазор доллари ИМА маблағ гирифтааст. Дар гузориш таъкид шуд, ки боздошт рӯзи 18 март дар пойтахт ҳангоми гирифтани пора сурат гирифтааст.
Нисбати боздоштшуда мутобиқи модадхои 32 (Тайёрӣ ба ҷиноят ва суиқасд ба ҷиноят) ва 319 (Гирифтани пора)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.



