Аввалин боздошти мансабдори давлатӣ баъди таъиноти нави Рустами Эмомалӣ

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ, ки санаи 16 март писари президент Рустами Эмомалӣ ба ин Агентӣ роҳбар таъин шуд, ба гумони даст доштан дар порагирӣ сармутахассиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ Иззатулло Азизовро боздошт намуданд. Гузориши видеоии аз ҷониби маркази матбуоти […]

Аваз Юлдошев



Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ, ки санаи 16 март писари президент Рустами Эмомалӣ ба ин Агентӣ роҳбар таъин шуд, ба гумони даст доштан дар порагирӣ сармутахассиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ Иззатулло Азизовро боздошт намуданд.

Гузориши видеоии аз ҷониби маркази матбуоти Агентии зиддифасод таҳияшуда тариқи Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон шоми рӯзи 18 март пахш гардид.

Боздоштшуда аз шахсе барои ба ҳаҷ фиристодани ӯ ба сифати пора 2 ҳазор доллари ИМА маблағ гирифтааст. Дар гузориш таъкид шуд, ки боздошт рӯзи 18 март дар пойтахт ҳангоми гирифтани пора сурат гирифтааст.

Нисбати боздоштшуда мутобиқи модадхои 32 (Тайёрӣ ба ҷиноят ва суиқасд ба ҷиноят) ва 319 (Гирифтани пора)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.