АНМН шарҳи вазъи вобаста ба маводи нашъадор дар кишвар ва минтақаро муаррифӣ намуд

Санаи 18 март дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг бо иштироки роҳбарони миссияҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар мавзӯи “Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муқовимат ба ангезаҳо ва хатарҳои муосир” баргузор гардид. Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ,  брифингро сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва банақшагирии сиёсати […]

ASIA-Plus



Санаи 18 март дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг бо иштироки роҳбарони миссияҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар мавзӯи “Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муқовимат ба ангезаҳо ва хатарҳои муосир” баргузор гардид.

Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ,  брифингро сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва банақшагирии сиёсати берунаи ВКХ ҶТ Абдулфайз Атоев кушод.

Пас аз ин Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Р. Назарзода, Намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ хонум Ашита Миттал, муовини Вазири адлияи ҶТ Шаҳноза Нодирӣ баромад намуданд.

Директори Агентӣ Р. Назарзода ба ҳозирин “Шарҳи вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014”-ро муаррифӣ намуд. Дар баромад диққати асосӣ ба мавзӯъҳои он – мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, истеҳсоли ғайриқонунии маводи нашъадор дар Афғонистон, чораҳои коҳиши талабот ба маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкории байналмилалӣ ва амалисозии барномаҳои зиддимухаддиротӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шуд. Инчунин мавзӯи мустаҳкам намудани сарҳади давлатӣ, гузаронидани амалиётҳои муштараки зиддимухаддиротӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои минтақа инъикос гардид. Таҳлили ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар, пешгӯии вусъатёбии вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар ҶТ дар соли 2015 гузаронида шуд, вазифаҳои асосӣ барои соли 2015 дар соҳаи муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ дар Тоҷикистон муайян гардиданд. Инчунин қайд гардид, ки моҳи майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Президенти ҶТ дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи олӣ оид ба масъалаҳои васеъ намудани ҳамкории зиддимухаддиротӣ баргузор хоҳад гардид.

Сипас Намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ хонум Ашита Миттал баромад 

намуда, масъалаи таҳияи барномаҳои зиддимухаддиротии СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткориро дар Тоҷикистон инъикос намуд.

Муовини Вазири адлияи Тоҷикистон Шаҳноза Анварӣ дар маърӯзаи худ масъалаҳои ҷорӣ намудани адлияи ювеналиро баррасӣ намуд.

Дар хотима роҳбарони миссияҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба маърӯзачиён бо саволҳо муроҷиат намуданд.

Ба иштирокчиёни брифинг “Шарҳи вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014” ва “Таҳлили озмоишии оқибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодии истеъмоли маводи нашъаовар ба истеъмолгарон ва аъзоёни оилаи онҳо дар ш. Душанбе” тақсим карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.