Ҳукми 12 соли зиндон ба сокини Кӯлоб барои таблиғи ақидаҳои «Ҷамоати таблиғ»

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як сокини шаҳри Кӯлобро ба иттиҳоми фаъолият дар ташкилоти экстремистӣ, ғайриқонунӣ нигаҳдории яроқ ба 12 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кард. Додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Амрохон Эргашови 41-соларо мутобиқи се моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ 307 қисми 2, (Ташкили фаъолияи ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ), 187 қисми 2 (Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ […]

Мавзуна Абдуллоева



Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як сокини шаҳри Кӯлобро ба иттиҳоми фаъолият дар ташкилоти экстремистӣ, ғайриқонунӣ нигаҳдории яроқ ба 12 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кард.

Додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Амрохон Эргашови 41-соларо мутобиқи се моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ 307 қисми 2, (Ташкили фаъолияи ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ), 187 қисми 2 (Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ),195 қисми 3 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан гирифтани яроқ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воститаҳои таркиш)  гунаҳкор эътироф намуд. Бо назардошти мавриди қонуни афв қарор гирифтан, сеяки муҳлати ҷазои ӯ кам карда мешавад.

Зимни қироати ҳукм судя Раҷабзода Ҳотам қайд кард, Амрохон Эргашев соли 2005 дар «Ҷамоати таблиғ»-и шаҳри Райванди Давлати Исломии Покистон таълимоти динии равияи «Таблиғ»-ро омӯхта, бо мақсади паҳн намудани ин таълимот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бармегардад ва дар масҷидҳои шаҳрҳои Кӯлоб ва Душанбе ба шаҳрвандон Фаёзов Бахтиёр Хайруллоевич, Юсуф, Билол, Сафар ва дигар шаҳрвандони шахсияташон номаълум ва дар байни омма таълимоти динии равияи манъшударо паҳн намуда, барои шомил шудан ба ин ҷамъият даъват намудааст. Бо  қарори Суди Олии Тоҷикистон «Ҷамъияти таблиғ» ҷамъияти террористӣ ва экстремистӣ (ифротгароӣ) эътироф карда шуда, фаъолияташ дар ҳудуди Тоҷикистон манъ аст.

Ғайр аз ин, ӯ соли 2009 ӯ дар иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ ба муқобили сохти констутсионии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Дарвоз ва Тавилдара, нигаҳдорӣ ва интиқоли аслиҳаи оташфишон, узвият дар гурӯҳҳои ҷиноятпеша, аз қабили  гурӯҳҳои муташаккили Раҳимов А. ва Азизов Н.С., ки ин иттиҳоди ҷиноятиро бо мақсади бо роҳи эълон намудани ҷиҳод ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон аз ҳисоби собиқ тарафдорони қувваҳои мухолифин созмон додаанд, гумонбар дониста мешуд. Пас аз ин аз соли 2009 то инҷониб дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон паноҳ бурда, миёнаҳои моҳи ноябри соли 2014 аз ҷониби мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон истирдод (депортатсия) шудааст.

Ҳарчанд судшаванда Эргашов Амрохон қисман гуноҳашро дар содир намудани ҷиноятҳо эътироф карда бошад ҳам, гуноҳи ӯ дар ҷараёни тафтишот ва мурофиаи судӣ бо нишондоду баёноти шоҳидон ва ваҷҳу далелҳо пурра собит шуд.

Бино ба иттилои Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон, айни замон дар макотиби олии исломии кишварҳои хориҷӣ ҳамагӣ 158 нафар донишҷӯёни тоҷик боқӣ мондаанд. «Донишҷӯёне, ки ба ватан баргардонида шуданд, дар муассисаҳои таълимоти динии кишварҳои Эрон, Арабистони Саудӣ, Либия, Миср ва Покистон таҳсили илм мекарданд.

Кумита бо Вазорати корҳои дохилӣ дар  ин самт ҳамкорӣ дорад, то ки ҷавононро аз донишгоҳҳои хориҷӣ ба ватан баргардонад. «Ҳамин тариқ, бо супориши президент аз соли 2010 то ба имрӯз ба ҳукумати ҷумҳурӣ муясссар гардид, ки аз 3054 нафар донишҷӯёни тоҷики дар кишварҳои хориҷӣ бо ихтисосҳои динӣ таҳсилдошта 2896 нафарашонро ба ватан баргардонад», – гуфтанд дар Кумита.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.