Тоҷикистон гази моеъи қазоқиро аз маҳсулоти нафтии русиягӣ афзалтар медонад

Ҳаҷми воридоти гази моеъ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон тадриҷан рӯ ба афзоиш ниҳода, дар ҳамин ҳол, ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия коҳиш меёбад. Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, дар зарфи 2 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон беш аз 52,6 ҳазор тонна гази моеъ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи […]

Пайрав Чоршанбиев



Ҳаҷми воридоти гази моеъ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон тадриҷан рӯ ба афзоиш ниҳода, дар ҳамин ҳол, ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия коҳиш меёбад.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, дар зарфи 2 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон беш аз 52,6 ҳазор тонна гази моеъ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 15 ҳазор тонна ё худ ҳулдуди 30% зиёдтар аст. Гази моеъ ба ҷумҳурӣ асосан аз Қазоқистон ворид мегардад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тӯли 2 моҳи соли равон ба Тоҷикистон

ҳудуди 95 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ

ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 31% камтар аст. Маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон асосан аз Русия ворид карда мешавад.

Аксарият тамоили коҳиши воридоти маҳсулоти нафтӣ ва афзоиши воридоти гази моеъ ба ҷумҳуриро ба арзиши он нисбат медиҳанд, зеро дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории Тоҷикистон айни замон гази моеъ беш аз ду маротиба арзонтар нисбат ба бензин ва сӯзишвории дизелӣ (солярка) фурӯхта мешавад ва ин ҳам дар ҳолест, ки тайи ним соли ахир нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ ба андозаи 57% – аз 115 то 50 доллари ИМА поин рафт.

Дар ин робита айни замон беш аз 60%-и нақлиёти автомобилии кишвар (ахири соли гузашта – 40%) бинобар сабаби гаронии бензин, ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои ахир ҳаҷми воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон мунтазам афзоиш меёбад: соли 2012 ба Тоҷикистон – 175 ҳазор тонна, соли 2013 – 261 ҳазор тонна ва соли 2014 – 295 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон мақомоти дахлдори марбут ба бахши энергетикаи Тоҷикистону Русия оид ба 

тавозуни индикативии сӯзишворӣ дар соли 2015 

ба мувофиқа расиданд. Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон бояд 830 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ бидуни пардохти боҷи содиротӣ интиқол дода шавад.

Соли 2014 тавозуни индикативӣ барои Тоҷикистон 1 млн. тонна муқаррар шуда, аммо ба ҷумҳурӣ муяссар гардид, ки ҳамагӣ каме бештар аз нисфи ин миқдор маҳсулоти нафтиро аз Русия дастрас намояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.