Дар ҷануби кишвар бо дастгирии Ҷопон мактаби нав бунёд гардид

Ҷаноби Йошиширо Хориё, Муовини Роҳбари Ҳайати Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 18 марти соли 2015 барои ширкат варзидан дар маросими бомуваффақ анҷом ёфтани лоиҳаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба мактаби рақами 21, воқеъ дар деҳаи «Гурулдӣ»-и ҷамоати деҳоти «Кушкия»-и ноҳияи Темурмалик ташриф овард. Тавре […]

ASIA-Plus



Ҷаноби Йошиширо Хориё, Муовини Роҳбари Ҳайати Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 18 марти соли 2015 барои ширкат варзидан дар маросими бомуваффақ анҷом ёфтани лоиҳаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба мактаби рақами 21, воқеъ дар деҳаи «Гурулдӣ»-и ҷамоати деҳоти «Кушкия»-и ноҳияи Темурмалик ташриф овард.

Тавре аз сафорати Ҷопон дар ҶТ иттилоъ доданд, бо маблағгузории Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт «Лоиҳаи сохтмони бинои мактаби миёна дар қишлоқи «Гурулдӣ»-и ҷамоъати «Кушкия»-и ноҳияи Темурмалик» амалӣ гашт. Баҳри бунёди бинои мактаби нав иборат аз шаш синфхона ва дафтари омӯзгорон аз тарафи Ҳукумати Ҷопон барои мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Темурмалик маблағи умумии 113,210 доллари ИМА ҳамчун грант ҷудо гардид. Фарши бинои мактаби кӯҳна дар ҳолати номатлуб қарор дошта деворҳояш тарқишҳои фарох доштанд, ки ба муҳити таҳсили хонандагон таъсири манфӣ мерасонд. 

Алъон бо анҷом ёфтани лоиҳа 180 нафар хонандагони синфҳои як то ёздаҳ бо муҳити омӯзиши такмилдода таъмин шудаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Темурмалик аз ҷониби хеш бинои нави мактабро бо таҷҳизоти омӯзишӣ аз қабили мизу курсӣ ва тахтаи синфӣ муҷаҳҳаз гардонид.

Дар маросими мазкур дар ҳузури хонандагон, муаллимон ва директори мактаб, ҷаноби Мирзохон Гулмамадзода, раиси ноҳияи Темурмалик ширкат варзида дар суханронии хеш ба Ҳукумати Ҷопон барои дастгирии лоиҳаи мазкур изҳори миннатдории самимӣ баён намуд.

Биноан Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ дар ҳамкорӣ бо мардуми Тоҷикистон баҳри бунёд сохтани ҷомеаи беҳтар кӯмаки хешро идома медиҳад.

Кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ тарҳи Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд мебошад. Алалхусус, лоиҳаҳои кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ барои дастгирӣ намудани соҳаҳои мухталифи бахши аъзами аҳолӣ дар сартосари Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудаанд. Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҳамчунин ба созмонҳои ғайридавлатӣ расонида мешавад. Аз соли 1996 то инҷониб, кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 341 лоиҳаро ба маблағи умумии $27.6 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.