Бонки миллӣ дар бораи қурби устувори доллар маълумот медиҳад

Қурби фурӯши доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Тоҷикистон рӯзи 19 март ба ҳисоби миёна 6,2900 сомониро ташкил дод. Дар ин бора хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) иттилоъ медиҳад. Як ҳафт қабл қурби фурӯши доллари ИМА дар бозори асъори кишвар 6,4175 сомониро ташкил дода буд ва ҳамин тариқ, бо назардошти маълумоти БМТ, тайи як […]

Пайрав Чоршанбиев



Қурби фурӯши доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Тоҷикистон рӯзи 19 март ба ҳисоби миёна 6,2900 сомониро ташкил дод. Дар ин бора хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) иттилоъ медиҳад.

Як ҳафт қабл қурби фурӯши доллари ИМА дар бозори асъори кишвар 6,4175 сомониро ташкил дода буд ва ҳамин тариқ, бо назардошти маълумоти БМТ, тайи як ҳафта қурби доллари ИМА нисбат ба сомонӣ беш аз 2% поин рафтааст.

Тибқи маълумоти БМТ, дар пойтахт қурби миёнаи фурӯши доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъор ба 6,2800 (6,300 – санаи 13 март) баробар буда, дар пойтахт қурби доллари ИМА ба андозаи 0,3% пойин рафтааст.

Дар ҳамин ҳол, доллари ИМА-ро аз нуқтаҳои мубодилаи асъор бо нархи муайянкардаи БМТ харидорӣ кардан қариб ғайриимкон аст, зеро фурӯшандагони он бо баҳонаи надоштани асъор, аз фурӯши он бо чунин қурб худдорӣ мекунанд. Дар пойтахт воқеъан 1 долларро бо арзиши 6,6 сомонӣ ва болотар аз он метавон дастрас намуд, вале бо ин арзиш ҳам харидории он хеле душвор аст, чунки фурӯши доллари ИМА бо нархи болотар аз арзиши муқарраркардаи БМТ ҳаннотӣ шуморида шуда, барои он ҷазои маъмурӣ пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи ахир дар Тоҷикистон

тадбирҳои мубориза бо ғайриқонунӣ анҷом додани муомилоти хариду фурӯши молу хизматгузорӣ

бо асъори хориҷӣ пурзӯр карда шуданд.

Ахиран мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар бораи ошкор кардани 

далелҳои хариду фурӯши молҳо бо асъори хориҷӣ 

хабарҳои зиёд интишор мекунанд. Дар маълумоти ҳамарӯзаи ВКД перомуни боздошти қонуншиканон дар бахши қонунгузории асъор ва боз шудани парвандаҳои ҷиноӣ нисбати онҳо сухан меравад.

Ҳамчунин Мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти шиддатнокии болоравии қурби асъори хориҷӣ нисбат ба пули миллӣ – сомонӣ, баҳри таъмини назорати иҷрои қонунгузории танзими асъор ва назорати асъор, инчунин таҳлилу бозомӯзии бозори он, бо таъсиси гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби кормандони мақомоти прокуратура, милитсия, амнияти миллӣ ва намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ санҷишҳои муштарак гузаронида, камбудию қонунвайронкуниҳои зиёд ошкор ва

баҳри бартараф намудани онҳо чораандешӣ намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.