Иштироки Э.Раҳмон дар ифтитоҳи як қатор иншоот дар Хуҷанд

Нимаи дуюми рӯзи 21 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба 500 нафар ятимони бепадару модар аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим намуда, биноҳои нави қисми низомии 3501-и Вазорати Корҳои дохилӣ ва қароргоҳи марказии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Бино ба иттилои […]

ASIA-Plus



Нимаи дуюми рӯзи 21 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба 500 нафар ятимони бепадару модар аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим намуда, биноҳои нави қисми низомии 3501-и Вазорати Корҳои дохилӣ ва қароргоҳи марказии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст дар маркази фароғатии Ҷавонон, ки дар соҳили рости Сирдарё қарор дорад, бо иштироки Сарвари давлат барои 500 нафар ятимони бепадару модар аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят дастархони идона ороста шуд.  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар яки ин кӯдакону наврасон туҳфаҳои идона супурда, дар муроҷиат ба масъулин таъкид дошт, ки раванди таълиму тарбия ва умуман рӯзгори ояндаи ин табақаи ниёзманди аҳолӣ то ба воя расиданашон бояд таҳти назорату ғамхорӣ қарор дошта бошад.

Дар соҳили рости Сирдарё бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин биноҳои нави қисми низомии 3501-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ва қароргоҳи марказии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор гирифт. Хотиррасон бояд намуд,  ки то ин вақт қисми низомии 3501 дар ҳудуди қалъаи таърихии Хуҷанд воқеъ дар шафати боғи Камоли Хуҷандӣ ҷойгир буд.

Маҷмааи нави қисми низомии 3501 Қӯшунҳои дохилӣ аз як бинои панҷошёна, як бинои дуошёна ва чандин биною иншооти дигар иборат аст. Дар ситоди қисми низомӣ, хобгоҳҳои сарбозон, ҳаммом бо буғхонаю утоқҳои ҷомашӯӣ, ошхона бо ошпазхонаю нонвойхона тамоми шароити хуби замонавӣ муҳайё мебошад. Дар ин ҷо ҳамчунин ҳуҷраҳои истироҳатӣ барои афсарон муҷаҳҳаз шудаанд.

Дар бинои дуошёна ошхона бо 300 ҷойи нишаст,   толори маҷлисгоҳ ва ҳам китобхонаву синфҳои таълимӣ ҷойгиранд. Маҷмаа дорои шабакаи муосири барқ, обу ташноб ва шабакаи ягонаи гармидиҳӣ мебошад. Тавре аён гардид, ин қисми низомӣ ҳамчунин бо техникаи зарурӣ, яроқу аслиҳа, дигар лавозимоти муосири ҳарбӣ ва заминаи моддии техникии машқу тамрини касбӣ таъмин карда шудааст. Роҳбарият ва ҳайати шахсии қисми низомӣ барои муҳайё намудани шароити зарурӣ дар қароргоҳи доимии нав ва ғамхорию дастгирии пайваста арзи сипос намуданд.

Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон биною иншооти нави қароргоҳи марказии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд ифтитоҳ ёфт.

Тавре аён гардид, дар ин воҳиди низомӣ ҳам тамоми шароити зарурӣ барои хизмати ҳарбӣ, машқу тамрини низомию варзишӣ, машғулиятҳои махсуси касбӣ, будубоши шаборӯзӣ ва истироҳату фароғат муҳайё гардидааст.

Чунонки зикр гардид, аз раванди бунёдкорию созандагии Тоҷикистон, ки таҳти раҳнамоию ғамхории мудоми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тамоми гӯшаю канори кишварро фаро гирифтааст, сохторҳои қудратию низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тарибот низ дар канор намондаанд, зеро дар ин сохторҳо низ ҳоло садҳо иншооти наву замонавӣ мавриди сохтмон ва ё тармиму навсозӣ қарор доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.