Дар шаҳри Душанбе нахустин таблои иттилоотӣ насб карда шуд. Чунин таҷҳизот ба таври озмоишӣ дар 25 истгоҳи хиёбони Рӯдакӣ насб шуда, ба мусофирон имкон медиҳанд, ки дар вақти воқеъӣ аз ҳозир шудани воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ тариқи ин хатсайр огоҳ бошанд.
Ҳамчунин ҳудуди 60 адад воситаҳои нақлиёт дар хатсайри троллейбуси №1 ва автобуси №3 бо дастгоҳи GPS-навигатсия муҷаҳҳаз гардонида мешаванд, ки ин низом бо маркази ягонаи идоракунӣ (диспетчерӣ) пайваст буда, фаъолияти тамоми навъҳои воситахои нақлиёти ҷамъиятиро танзиму идора мекунад.
Дар назар аст, ки ин иқдом ба беҳбуди назарраси сифати хизматгузориҳои операторони ин хатсайрҳо ва такмили назорат аз болои риояи реҷаи ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ, ки аз ҷониби корхонаи «Душанбенақлиётхадамотрасон» амалӣ мегардад, мусоидат менамояд.
Қобили зикр аст, ки мақомоти шаҳрдории пойтахт шарики калидии ин лоиҳа буда, дар сурати натиҷаҳои пурсамар ба даст омадан аз лоиҳаи мазкур, чунин иқдомотро бо фарогирии ҳамаи воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ тавсеъа бахшиданист.
Мебояд гуфт, ки ин иқдом дар доираи амалисозии лоиҳаи Барномаи рушди СММ «Дастгирии идоракунии устувори нақлиёт дар шаҳри Душанбе», ки аз ҷониби Фонди глобалии экологӣ маблағгузорӣ мешавад, мавриди озмоиш қарор мегирад.



