Ҳалокати 4 нафар дар садамаҳои нақлиёт тайи як шабонарӯз



Бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт дар роҳҳои моишнгарди кишвар тайи рӯзҳои ахир 4 нафар ҳалок ва 6 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, санаи 24-уми март ронандаи автомашинаи тамғаи “КАМАЗ-5410” Шермат Ғоибови 49-сола, сокини шаҳри Ваҳдат ҳангоми ҳаракат аз самти ш. Кӯлоб ба самти ш. Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Данғара аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”таҳти идораи ронанда Асомуддин Одинаеви 40-сола, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ бархӯрда,  сипас ба автомашинаи тамғаи “Ланос” таҳти идораи ронанда Пӯлод Чалишови 41-сола, сокини ноҳияи Данғара сахт бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи “Ланос” Чалишов П. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Мусофирони автомашинаи “Ланос”: Ғоибова Хосият соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Ёвон, Амирхонов Шерхон соли таваллудаш 1955 сокини н.Темурмалик, Каримов Хурсанд соли таваллудаш 1960, сокини н.Данғара ва Исматова Бибигул соли таваллудаш 1995, сокини н.Вахш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Дар ин рӯз, ҳамчунин ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра Исоҷон Ҳоҷибоеви 26-сола, сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи С.Урунхуҷаеви ҷамоати деҳоти Унчии н.Б.Ғафуров бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард  Саодат Юлдошеваи 37-сола, сокини ҳамин ноҳияро пахш намуда, аз роҳ баромада ба дари ҳавлии канори роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа пиёдагард Юлдошева С. ва мусофири автомашинаи мазкур ноболиғ Иномҷон Ҳоҷибоеви 8-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофирони дигари автомашина ноболиғон: Муъминов Азамат соли таваллудаш 2011 ва Муъминов Аминҷон соли таваллудаш 2010, сокинони ноҳияи Б.Ғафуров ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Дар ҳодисаи дигари ҳамин рӯз ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра Илҳом Убайдуллоеви 31 сола, сокини ш.Хуҷанд ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Р.Набиеви ш.Хуҷанд аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, велосипедрони ноболиғ Абдуҳофиз Аббосзодаи 14-сола, хонандаи мактаби миёна, сокини маҳаллиро пахш намудааст. Дар натиҷа охирон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

spot_imgspot_img

Популярное