Пешгирии сафари як гурӯҳи тоҷикон бо тифлон аз Қирғизистон ба ҷанги Сурия

Кормандони хадамоти амнияти фурудгоҳи шаҳри Ӯши кишвари ҳамсояи Қирғизистон рӯзи 22 март се нафар шаҳрванди Тоҷикистонро, ки тариқи хатсайри ҳавоӣ ба Истамбул ва сипас аз он ҷо ба Сурия рафтанӣ будаанд, боздошт намуданд. Дар ин бора хабаргузории ӯзбекистонии 12 news.uz бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон иттилоъ медиҳад. Бино ба иттилои хабаргузории «Интерфакс-Азербайджан» […]

ASIA-Plus



Кормандони хадамоти амнияти фурудгоҳи шаҳри Ӯши кишвари ҳамсояи Қирғизистон рӯзи 22 март се нафар шаҳрванди Тоҷикистонро, ки тариқи хатсайри ҳавоӣ ба Истамбул ва сипас аз он ҷо ба Сурия рафтанӣ будаанд, боздошт намуданд. Дар ин бора хабаргузории ӯзбекистонии


12 news.uz


бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон иттилоъ медиҳад.

Бино ба иттилои хабаргузории

«Интерфакс-Азербайджан»

, санаи 22 март дар фурудгоҳи Ӯш кормандони КДАМ сафари се тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо кӯдакони ноболиғашонро ба Истамул ва минбаъд ба Сурияро пешгирӣ кардаанд.

«Ба иқрори онҳо, ба ин сафар ва пайвастан ба сафи «Давлати исломӣ» онҳоро як шахсе тариқи шабакаи иҷтимоии интернет даъват кардааст, ки дар минтақаи воқеъ дар марзи Сурияву Ироқ қарор доштааст», – гуфтаанд дар хадамоти махсус.

Гуфта мешавад, пас аз бозпурсӣ ин шахсон ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон супурда шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Радабандии ҷаҳонии футзал аз ФИФА: Тоҷикистон се мавқеъ поин рафт

Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.