Рӯзи 24 марти соли 2015 дар Берн маросими супоридани Эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Ҷамшед Ҳомидов ба Президенти Конфедератсияи Швейтсария Симонетта Соммаруга баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, пас аз маросими супоридани Эътимоднома мулоқоти Президенти Швейтсария бо Сафири Тоҷикистон доир гардид, ки зимни он ҳолат ва дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни Тоҷикистону Швейтсария дар заминаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Гуфта мешавад, мусоҳибон масъалаҳои вобаста ба рушди иқтисод ва ҳифзи ҳуқуқи инсонро ҳамчун самтҳои муҳими дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳамкорӣ қайд намуданд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар охири суҳбат ҳарду ҷониб омодагии худро баҳри таҳким ва рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Швейтсария изҳор карданд.



