Сафири Тоҷикистон ба президенти Швейтсария эътимоднома супурд

Рӯзи 24 марти соли 2015 дар Берн маросими супоридани Эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Ҷамшед Ҳомидов ба Президенти Конфедератсияи Швейтсария Симонетта Соммаруга баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, пас аз маросими супоридани Эътимоднома мулоқоти Президенти Швейтсария бо Сафири Тоҷикистон доир гардид, ки зимни он ҳолат ва дурнамои […]

ASIA-Plus



Рӯзи 24 марти соли 2015 дар Берн маросими супоридани Эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Ҷамшед Ҳомидов ба Президенти Конфедератсияи Швейтсария Симонетта Соммаруга баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, пас аз маросими супоридани Эътимоднома мулоқоти Президенти Швейтсария бо Сафири Тоҷикистон доир гардид, ки зимни он ҳолат ва дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни Тоҷикистону Швейтсария дар заминаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, мусоҳибон масъалаҳои вобаста ба рушди иқтисод ва ҳифзи ҳуқуқи инсонро ҳамчун самтҳои муҳими дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳамкорӣ қайд намуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар охири суҳбат ҳарду ҷониб омодагии худро баҳри таҳким ва рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Швейтсария изҳор карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.