Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе миёни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Сурия вохӯрии дӯстона доир мегардад. Оғози бозӣ соати 17-00. Қ урби асъор Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА –  5.8014 сомонӣ; 1 евро – 6.3007 сомонӣ; 1 рубли […]

ASIA-Plus



Анонс



– Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе миёни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Сурия вохӯрии дӯстона доир мегардад. Оғози бозӣ соати 17-00.



Қ


урби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

5.8014

сомонӣ;


1

евро –

6.3007

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.100


3



сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих




1935

– Роҳи мошингарди Душанбе-Ӯротеппа-Ленинобод (феълан Хуҷанд) мавриди истифода қарор гирифт.


1960

– Дар Ҷашнвораи байнулмилалии дуюми кинои кишварҳои Осиё ва Африқо дар шаҳри Қоҳира кинофилми «Тақдири шоир» ба ҷоизаи аввал сазовор гардид.


1975

– Корхонаи алюминии Тоҷикистон (ТадАЗ) – корхонаи бузургтарини металлургияи ранга дар Осиёи Миёна ба истифода дода шуд.


1993

– Роҳбари Фронти халқии Тоҷикистон Сангак Сафаров ва фармондеҳи бригадаи махсуси ВКД ҶТ Файзалӣ Саидов ба ҳалокат расиданд.


2004

– Дар Тоҷикистон тамоми захираҳои минаҳои зидди пиёдагард нобуд карда шуд.


2010

— Оғози нахустин сафари давлатии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сингапур.


2010

— Механизми толлингии идоракунии зербинои роҳи мошингарди Душанбе – Чанак мавриди амал қарор гирифт.


2013

— Ҳукумати Тоҷикистон иштироки ширкатҳои Total SA-и Фаронса ва China National Petroleum Corporation (CNPC)-и Чин дар корҳои истихроҷи маъдан дар Тоҷикистонро тасдиқ намуд.  


1326

– Зодрӯзи шоири форсу тоҷик Ҳофизи Шерозӣ.


1941

– Мавлуди олим Ҳикмат Сафаров.


1959

– Зодрӯзи журналист Бурҳониддин Каримзода.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона дар водиҳо бидуни боришоти назаррас, рӯзона баъзан боришот (борон, барф) дар назар аст. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +4+9, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +2+7.


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +7+12.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борон, барф) дар назар аст. 

Ҳарорат: дар ғарб шабона+1+6, рӯзона +6+11; дар шарқи вилоят шабона -5-10, рӯзона -1+4.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +4+9. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.      

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +13+15. 


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона бидуни боришоти назаррас, рӯзона баъзан боришот дар назар аст. 

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +4+6.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда,баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +15+17.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +9+11.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.