Ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон 324 млн. $ кам шуд

Тариқи низомҳои интиқоли маблағҳои пулӣ соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 3,8 млрд. $ маблағ фиристода шуд, ки дар муқоиса ба соли 2013 қариб 8% ё худ 324 млн. $ камтар аст. Бино ба маълумоти   сомонаи расмии Бонки марказии Русия, ҳаҷми маблағҳои пулии соли 2014 аз Русия ба Тоҷикистон ирсолшуда тариқи низомҳои […]

Пайрав Чоршанбиев



Тариқи низомҳои интиқоли маблағҳои пулӣ соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 3,8 млрд. $ маблағ фиристода шуд, ки дар муқоиса ба соли 2013 қариб 8% ё худ 324 млн. $ камтар аст.

Бино ба

маълумоти

  сомонаи расмии Бонки марказии Русия, ҳаҷми маблағҳои пулии соли 2014 аз Русия ба Тоҷикистон ирсолшуда тариқи низомҳои интиқоли маблағҳои пулӣ 3 млрд. 831 млн. доллари ИМА ва маблағи миёнаи як амалиёти интиқоли суратгирифта 295 доллари ИМА-ро ташкил додааст. Дар ҳамин ҳол, соли гузашта аз Тоҷикистон ба Русия бо маблағи миёнаи 2 ҳазор доллари ИМА-и як амалиёти суратгирифта 467 млн. доллари ИМА интиқол дода шудааст.

Аз нигоҳи ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия дар соли гузашта Тоҷикистон танҳо аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон (5 млрд. 581 млн. $) поинтар қарор дошта, нисбат ба Украина (2 млрд. 246 млн. $) зинаи баландтарро ишғол мекунад.

Ёдрас мекунем, ки

соли 2013

тариқи низомҳои интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон 4 млрд. 155 млн. доллари ИМА маблағ интиқол гардида буд.

Қаблан Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки ҳаҷми умумии интиқоли маблағҳои пулӣ дар соли гузашта 3,9 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2013 ба андозаи 8,3% камтар аст. Соли 2013 ба Тоҷикистон ҳудуди 4,2 млрд. доллари ИМА маблағҳои пулӣ ворид гардида буд.

Дар ҳамин ҳол, аввали моҳи март Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА)

пешгӯӣ карда буд,

ки дар муқоиса бо соли гузашта соли 2015 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон бо доллари ИМА тақрибан 30% коҳиш меёбад.

Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон кишвари бештар вобаста дар ҷаҳон аз интиқоли маблағҳои пулӣ маҳсуб меёбад. Чанде қабл дар

мақолаи

The Guardian зикр гардид, ки буҳрони рубл барои 9 кишвар мушкилот эҷод мекунад. «Аз ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ иқтисоди Тоҷикистон – 42%, Қирғизистон – 31,5%, Молдова – 25%, Арманистон – 21%, Ӯзбекистон ва Гурҷистон – 12, Украина – 5,5%, Литва – 4,5% ва Озарбойҷон – 2,5% вобастаанд», – қайд шуда буд дар мақола.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми маблағи умумие, ки соли гузашта ба Тоҷикистон интиқол ёфта буд, ба 45%-и ҳаҷми ММД-и ҷумҳурӣ дар соли 2014 баробар аст, ки 45,6 млрд. сомонӣ (тақрибан 8,6 млрд. $)-ро ташкил дода буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.