Шӯрои сиёсии ҲНИТ даъватҳои бастани ҳизбро мухолифи қонун номид

Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон иқдомоти ахири баъзе мақомот ва масъалагузории доираҳои ҷудогона дар бораи бастани фаъолияти ҲНИТ мавриди баррасӣ қарор гирифта, он як тарҳи фитнаомез, мухолиф ба қонун ва хатарнок барои субот ва сулҳу ваҳдати кишвар номида шуд. Дар баёнияи интишоршудаи Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар ин робита таъкид мегардад, ки […]

ASIA-Plus



Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон иқдомоти ахири баъзе мақомот ва масъалагузории доираҳои ҷудогона дар бораи бастани фаъолияти ҲНИТ мавриди баррасӣ қарор гирифта, он як тарҳи фитнаомез, мухолиф ба қонун ва хатарнок барои субот ва сулҳу ваҳдати кишвар номида шуд.

Дар

баёнияи интишоршудаи Шӯрои сиёсии ҲНИТ

дар ин робита таъкид мегардад, ки «кашонидани доираҳои динии кишвар ва аз забони онҳо матраҳ кардани як пешниҳоди мухолиф ба Конституцияи ҶТ ва Созишномаи сулҳ баёнгари оғози як тарҳи фитнаомези дигар мебошад, ки оқибатҳои бади он бар зарари миллат ва давлат меанҷомад».

«ҲНИТ ҳамчун ягона ҳизби сиёсии динӣ дар минтақа на танҳо дар барқарории сулҳу ваҳдат дар кишвар саҳм гузоштааст, балки бо мавқеъҳои созандаи худ дар самтҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҳамчун як неруи муътадили сиесӣ маъруф гаштааст. Агарчи, ин ҳама солҳо болои ҲНИТ фишорҳо ва маҳдудиятҳо вуҷуд доштаанд, роҳбарияти ҳизб талош кардааст, ки аз сиёсати сабр ва таҳаммул истифода намояд», – омадааст дар баёния.

Дар баёнияи Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз ҳукуматдорон дархост мешавад, ки пеши роҳи чунин амалҳо ва пешниҳодҳои ғайриқонунӣ ва фитнаомез ҳарчи зудтар гирифта шавад ва гунаҳкорон барои барангехтани низоъи сиёсӣ ва кинаву адоват байни қишрҳои гуногуни ҷомеъа ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.