Боздиди ҳайати арзёбии Департаменти давлатии ИМА аз АНМН

Рӯзи 30 марти соли 2015 дар Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назарзода бо ҳайати арзёбии Бюрои назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ИМА (INL) таҳти роҳбарии Чарлз Ҷакоза баргузор гардид. Ҳайати арзёбӣ ба ҷумҳурӣ барои гузаронидани арзёбии мустақили лоиҳаҳо, ки бо дастгирии молиявии INL таҳия […]

ASIA-Plus



Рӯзи 30 марти соли 2015 дар Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назарзода бо ҳайати арзёбии Бюрои назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ИМА (INL) таҳти роҳбарии Чарлз Ҷакоза баргузор гардид. Ҳайати арзёбӣ ба ҷумҳурӣ барои гузаронидани арзёбии мустақили лоиҳаҳо, ки бо дастгирии молиявии INL таҳия мегарданд, ташриф овард.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН, дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои самаранокии ҳамкории идораҳои зиддимухаддиротии Тоҷикистон бо ҷузъу томҳои ҳаммонанди ИМА баррасӣ гардиданд.

Директори Агентӣ меҳмононро бо ташаббусҳои зиддимухаддиротии Ҳукумати Тоҷикистон шинос намуд. Қайд гардид, ки аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ 17 қарордоди байниҳукуматӣ, аз ҷумла бо Ҳукумати ИМА имзо гардида, “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” қабул шуд ва айни ҳол таҳия мегардад.

Дар рафти сӯҳбат инчунин масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Вазорати корҳои дохилии Афғонистон дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва гузаронидани амалиётҳои муштарак мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Роҳбари Агентӣ илова намуд, ки бо идораҳои зиддимухаддиротии Россия, Хитой, Ҷумҳурии Исломии Эрон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Аврупо, инчунин созмонҳои байналмилалӣ – Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, САҲА дар самти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳамкории судманд ба роҳ монда шудааст.

Ба Бюрои назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ИМА барои расонидани кӯмаки амалӣ дар масъалаи таъминоти техникӣ ва омодасозии мутахассисони Агентӣ арзи сипос баён гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.