Китобхонаи миллӣ акнун ҳамарӯза то соати 22-и шаб кор мекунад

Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз имрӯз, 1 апрел минбаъд тибқи реҷаи нав – аз соати 8-и субҳ то 22-и шаб бидуни рӯзҳои истироҳат кор мекунад. Намояндаи Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ Муҳаммадиқбол Атоев ба Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин иқдом бо ташаббуси сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, барои кормандони китобхона, ки дар басти дуюм […]

Мавзуна Абдуллоева



Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз имрӯз, 1 апрел минбаъд тибқи реҷаи нав – аз соати 8-и субҳ то 22-и шаб бидуни рӯзҳои истироҳат кор мекунад.

Намояндаи Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ Муҳаммадиқбол Атоев ба Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин иқдом бо ташаббуси сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, барои кормандони китобхона, ки дар басти дуюм кор мекунанд, барои то манзилашон бурдан автобусҳо ҷудо карда шудаанд.

«Аксари хонандагони китобхона то соати 17-18-и шом ба кор машғуланд, аз ин рӯ, акнун баъди рӯзи корӣ метавонанд аз хизматгузориҳои китобхона истифода баранд», – гуфт Атоев ва илова намуд, ки қаблан китобхона аз соати 8-и субҳ то 19-и шом кор мекард.

Ба гуфтаи ӯ, дар муқоиса бо соли гузашта имсол шумори хонандагони китобхона 60% ва миқдори хонадагони бахши рӯзномаву маҷаллаҳо 86% афзудаааст.

Китобхонаи милли Тоҷикистон

санаи 20 марти соли 2012

мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Аз нигоҳи масоҳат, ғунҷоиши фонди китоб, фарогирии хадамоти китобдорӣ-иттилоотӣ ва фаъолияти фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ беназир аст. Дарозии бино 167 метр ва баландиаш 52 метр буда, масоҳати умумии он баробар ба 45 ҳазор метри мураббаъ аст.

Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки дорои 25 толори хониш бо якуним ҳазор ҷойи нишаст, 28 махзани нигоҳдории китобу санадҳо ва 10 толори маҷлисӣ аст, барои нигоҳдории 10 миллион нусха китоб пешбинӣ шудааст. Имрӯз фонди умумии Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз 6 миллиону 200 ҳазор нусха маводи чопию электронӣ иборат аст.

Китобхона дорои толорҳои гуногуни хониш, маҳфузгоҳҳо барои нигоҳдории китоб ва дигар асноди иттилоотӣ, ҳуҷраҳои маъмурӣ, маҷлисгоҳҳо ва толорҳои баргузории ҷаласаҳо, симпозиуму конфронсҳо, чопхонаву лабораторияҳои тармими китобҳо, бахшу шӯъбаҳои корӣ ва дигар шабакаҳои хадамотӣ аст, ки ҳама ҷавобгӯи талаботи стандарти ҷаҳонӣ мебошанд. Китобхона, ҳамчунин дорои ошхонаю қаҳвахона бо 560 ҷой ва 215 ҷойи нишаст барои тафреҳ мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.