Сокинони Файзобод боз як ҷасади зери ярчро дарёфт намуданд

spot_imgspot_img

Дата:



Сокинони деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод ҳамроҳ бо наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ субҳи рӯзи сешанбе ҷасади боз як ҳалокшуда аз зери ярчро пайдо карданд.

Сокинони ноҳияи Файзобод, ки дар ҷустуҷӯи ҷасадҳои ҳалокшудугон зери ярч иштирок доранд, ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҷасади Маъсуд Толибови 19-сола тахминан соатҳои 8-и субҳ дарёфт шуда, ҷустуҷӯи ҷасадҳои боқимонда идома дорад, вале дар ин ҷустуҷӯи боқимонда 7 ҷасади дигар техникаҳои КҲФ истифода намешавад.

Котиби матбуотии КҲФ ва МГ Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Кумита ба ҷустуҷӯи ҷасадҳои боқимонда дар зери ярч хотима бахшида, комиссияи муштарак ба хулосае расидааст, ки вазифаи аввалиндараҷа гузаронидани хатти об ба деҳа аст, аз ин рӯ, истифодаи техника қатъ ва кормандони Кумита ба кашидани хатти обгузар (водоповод) ба Яккабед машғуланд.

Ба гуфтаи Нозимов, дар корҳои ҷустӯҷӯи ҷасадҳои ҳалокшудагон 100 нафар сокинони маҳаллӣ ва ҳамчунин 99 нафар кормандони КҲФ ва МГ иштирок карда, ба маҳалли ҳодиса 2 адад трактор, 6 автомобили «УАЗ» ва «Нива» сафарбар шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 3 апрел бар асари лағжиши як теппа  дар деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод беш аз 10 нафар ба ҳалокат расиданд. Онҳо тариқи ҳашар ба таъмир ва насби қубури обгузар машғул буданд. Худи ҳамон рӯз ҷасади 2 нафар – Шодмон Умарови 25-сола ва Маҳмад Умарови 28-сола аз зери ярч дарёфт шуда буд.

КҲФ ному насаби қурбониёни ярчро эълом дошт, ки инҳоанд: Алимардонов Шодмон, соли тавалудаш 1990; Умаров Маҳмад, с/т 1987; Одинаев Худойбердӣ, с/т 1963; Абдуллоев Исломиддин, с/т 1989; Ҷалилов Саид, с/т 1997; Кабиров Далер, с/т 1998; Нуров Фахриддин, с/т 1986; Толибов Мақсуд, с/т 1996; Қурбонов Наим, с/т 1979 ва Шодиев Мақсад, с/т 1986.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикони фавтидагон тасаллият изҳор намуда, дастур дод, ки ба онҳо кумаки зарурӣ расонида шавад. Тибқи баъзе маълумот, бо дастури Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар кадоме аз оилаҳои фавтидагон 10 ҳазор сомонӣ маблағи пулӣ дода шуда, онҳо ҳамчунин бо маҳсулоти ғизойӣ таъмин карда шуданд.

Раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ низ ба сокинони деҳаи Яккабед ҳамдардӣ изҳор намуданд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...