Имрӯз бо бозии дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва Хуҷанд»-и Хуҷанд мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистоншурӯъ мешавад. Вохӯрии мазкур соати 17-00 дар Варзигоҳи маркази пойтахт оғоз мегардад.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии ифтитоҳии мавсими футболи имсоларо Диловар Орзуев аз Ҳисор ҳакамӣ мекунад.
Гуфта мешавад, Орзуевро дар канори майдон Ҳасан Каримов аз Норак ва Эркин Мадибоев аз Душанбе кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро Ҷамолиддин Оев аз Варзоб ба зимма дорад. Анваршо Мирзоев аз Душанбе ташкилу баргузории бозиро назорат намуда, инчунин кори доварони вохӯриро баҳогузорӣ мекунад.


