Русия розигии Тоҷикистон ба қабули муҳоҷирони ғайриқонуниро интизор аст

Ояндаи наздик ба созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар бораи фаъолияти корӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони ҳарду кишвар ворид намудани тағйироту иловаҳо дар назар аст. Бино ба иттилои «Коммерсантъ» , ин ҷо аз ҷумла дар бораи сафарбарии муташаккили муҳоҷирон ва розигии Тоҷикистон ба қабули муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷик дубора аз Русия сухан меравад, ки аз нигоҳи мансабдорон, […]

ASIA-Plus



Ояндаи наздик ба созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар бораи фаъолияти корӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони ҳарду кишвар ворид намудани тағйироту иловаҳо дар назар аст.

Бино ба иттилои

«Коммерсантъ»

, ин ҷо аз ҷумла дар бораи сафарбарии муташаккили муҳоҷирон ва розигии Тоҷикистон ба қабули муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷик дубора аз Русия сухан меравад, ки аз нигоҳи мансабдорон, дар натиҷа миёни Маскаву Душанбе созишномаи бештар пешрафта дар бахши назорати муҳоҷират мавриди амал қарор мегирад.

Зимни сафар ба Душанбе рӯзи 2 апрел вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар ин робита изҳор намуда буд, ки дар ин самт чор созишномаҳои иловагӣ омода шудаанд, ки «ҳадафи асосии онҳо аз фаъолияти пинҳонӣ берун овардани муҳоҷирон ва таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои онҳост, то ки касе онҳоро истисмор карда натавонад».

Дар мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон ин маълумотро қисман тасдиқ намудаанд. «Ин масъалаҳо дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Русия рӯзи 4 март дар Маскав баррасӣ шуда, аммо худи созишномаҳо ҳоло омода нестанд», – иброз доштааст ба «Коммерсантъ» сухангӯи мақомот Абдулло Қодирӣ.

Гуфта мешавад, дар Душанбе ҳамчунин боз ба як созишномаи дигар дар бораи таъмини иҷтимоӣ ва суғуртаи нафақаи муҳоҷирон низ ишора мекунанд.

Нашрия ҳамчунин қайд мекунад, ки тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирон аз Русия тайи солҳои ахир ҳудуди 40%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медоданд, аммо имсол коҳиши назарраси он аз эҳтимол дур нест.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ифшои ҷиноят баъди 26 сол. Пулиси Душанбе аз боздошти се тан бо гумони дуздии як кирокаш хабар дод

Гумонбарон кирокашро гаравгон гирифта, барои раҳоияш 4 ҳазор доллар талаб кардаанд.

Дастрасӣ ба иттилоъ ва амнияти рӯзноманигорон. Дар конфронси Рӯзи озодии матбуот дар Душанбе чиҳо баррасӣ мешаванд?

Яке аз бахшҳои дигари конфронс ба таъсири ҳушвора (AI) ба журналистика бахшида шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 80

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Такрори пирӯзии соли пеш: Се медали тиллои ҷудокорони тоҷик дар Grand Slam-и Душанбе

Дар мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе мунтахаби Тоҷикистон ба дастоварди ноил шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Зиёдулло Шаҳидӣ то даргузашти Саъдулло Раҳимов ва Рӯзи байналмилалии оташнишонҳо

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.