Дар Душанбе стратегияи нави амалиёти зидди минаҳо баррасӣ мешавад

Аз 13 то 15-уми апрели соли равон бо ташаббуси Маркази Миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо (ММТММ) дар шаҳри Душанбе бо дастгирии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Маркази Байналмилалии Женева оид ба безарарсозии башардӯстонаи минаҳо, ки маркази бонуфуз дар самтҳои амалиёти зидди минаҳо мебошад,  бахшида ба таҳияи Стратегияи нави амалиёти зидди минаҳо барои солҳои […]

ASIA-Plus



Аз 13 то 15-уми апрели соли равон бо ташаббуси Маркази Миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо (ММТММ) дар шаҳри Душанбе бо дастгирии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Маркази Байналмилалии Женева оид ба безарарсозии башардӯстонаи минаҳо, ки маркази бонуфуз дар самтҳои амалиёти зидди минаҳо мебошад,  бахшида ба таҳияи Стратегияи нави амалиёти зидди минаҳо барои солҳои 2015-2020 Семинар-машварат баргузор мегардад.

Тавре аз ММТММ хабар доданд, барномаи амалиёти зидди минаҳо то ҳол, тавассути Нақшаи Миллии Стратегии Амалиёти Зидди Минаҳо барои солҳои 2010-2015 амалӣ карда  мешавад. Бо таъсиси Маркази Миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо (ММТММ), ки тибқи фармони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2014 расман таъсис дода шуд, тағйироти муҳим ба миён омад. Дар ҷаласаи шарикони барнома оид ба нақшагузории амалиёти зидди минаҳо, ки моҳи ноябри соли 2015 баргузор шуда буд, кулли иштирокчиён бо ҳуҷҷати аввалини Нақшаи Миллии Стратегии Амалиёти Зидди Минаҳо шинос шуда буданд. Барои кӯмак ба ин раванд ба шарикони байналмилалӣ, БРСММ дар Тоҷикистон ва Маркази Байналмилалии Женева оид ба безарарсозии башардӯстонаи минаҳо дархост пешниҳод карда шуд.

БРСММ 15 сол инҷониб барномаи миллии Тоҷикистон оид ба амалиёти зидди минаҳоро дастгирӣ карда истодааст ва дар ҳамоҳангсозӣ, идора ва санҷиши ҷараёни минаҷӯиро дар кишвар, инчунин дар устувор кардани робитаи зич бо Ҳукумат ва шарикони байналмилалӣ нақши муҳимро бозида истодааст. Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ки аз соли 2003 яке шарикони асосӣ буда, барои дастгирии  дастаи башардӯстонаи безарарсозии минаҳои вазорати мудофиаи ҶТ кӯшиш ба харҷ додааст ва дар иҷроиши барномаи башардӯстонаи безарарсозии минаҳо, тавассути озодсозии заминҳои заҳролудшуда, минтақаҳои зери хатари минаҳо қарордоштаро дастгирӣ карда истодааст.

Иштирокчиён дар рафти семинар бо таърихи пайдоиши хатари минаҳо ва фалокати як қатор шаҳрвандони Тоҷикистон, дастовардҳои мухталиф ва нақшаҳои оянда дар самтҳои озодсозии замин аз минаҳо, кӯмак ба осебдидагони мина, огоҳсозии аҳолӣ аз хатари минаҳо, таблиғот ва идоранамоии базаи итиллоотӣ маълумот васеъ дастрас хоҳанд намуд. Инчунин, дар рафти семинар намунаи фаъолиятҳои кишварҳое, ки дар таҳияи стратегияҳои миллӣ таҷриба доранд баррасӣ гардида, ҳадафҳои Стратегияи нави миллии Тоҷикистон оид ба амалиёти зидди минаҳо барои солҳои 2015-2020, мавриди муҳокима ва муҳокимаи васеъ қарор дода мешавад.

Тоҷикистон ҷидду ҷаҳд дорад то соли 2020 ҳамаи манотиқи заҳролудшудаи кишварро аз минаҳо заминӣ ва боқимондаҳои нотаркидаи баъдиҷангӣ , аз ҷумла муҳимоти кассетӣ тоза намояд. Дар солҳои сипаришуда барномаи гуногунҷабҳаи амалиёти зидди минаҳо, ки дар кишвар аз соли 2003 роҳандозӣ шуда буд ба қурбониёни минаҳои заминӣ ва боқимондаҳои нотаркидаи баъдиҷангӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо кӯмакҳои мухталиф расондааст.

Фаъолиятҳои огоҳсозии аҳолӣ, ки пештар аз фаъолиятҳои озодсозии заминҳо аз минаҳо ва  боқимондаҳои нотаркидаи баъдиҷангӣ оғоз шуда буданд, саввумин самти амалигардонии барнома буда, беш аз 300 деҳоти мақсаднок фаро мегирад ва тавассути огоҳсозии аҳолӣ аз таҳдиди хатари минаҳо ва боқимондаҳои нотаркидаи баъдиҷангӣ боиси кам шудани ҳалокат ва маҷрӯҳшавии сокинони зери хатари мина ва муҳимоти нотаркида гардидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.