Буҷети маъракаи пешазинтихоботии Ҳ.Клинтон метавонад то 2,5 млрд. $ расад

Маъракаи пешазинтихоботии собиқ котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон, ки нияти иштирок дар интихоботи президентӣ дар соли 2016 дар ИМА-ро изҳор дошт, метавонад аз ҳама гаронтарин дар таърихи ин кишвар гардад. The New York Times менависад, ба ин маърака довталаб Ҳ.Клинтон 2,5 млрд. $ воситаҳои ҷонибдорони худ ва ҳамчунин Ҳизби демократро ҷалб карданист, ки […]

ASIA-Plus



Маъракаи пешазинтихоботии собиқ котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон, ки нияти иштирок дар интихоботи президентӣ дар соли 2016 дар ИМА-ро изҳор дошт, метавонад аз ҳама гаронтарин дар таърихи ин кишвар гардад.


The New York Times

менависад, ба ин маърака довталаб Ҳ.Клинтон 2,5 млрд. $ воситаҳои ҷонибдорони худ ва ҳамчунин Ҳизби демократро ҷалб карданист, ки ба эҳтимоли зиёд номзадии ӯро дастгирӣ хоҳад кард.

Қаблан рӯзномаи Wall Street Journal иттилоъ дода буд, ки Клинтон барои маъракаи пешазинтихоботиаш 1 млрд. $ масраф карданист, ки аз  буҷети бо ин мақсад харҷкардаи прзиденти амалкунандаи ИМА Барак Обама дар соли 2012 (716 млн. $) зиёдтар аст.

Тавре интизорӣ мерафт, рӯзи 12 апрел Ҳилларӣ Клинтон изҳор намуд, ки дар маъракаи интихоботи президентии соли 2016 дар ИМА номзад шуданист. «Ман ба маъракаи интихоботи президентӣ ворид мешавам. Ҳар рӯз барои амрикоиҳо қаҳрамон (чемпион) зарур аст ва ман мехоҳам, ки чунин қаҳрамон бошам», – гуфтааст ӯ дар навори видеоии дудақиқагӣ таҳти шиори «Ҳилларӣ барои Амрико» дар саҳифаи худ дар Facebook.

Қобили зикр аст, ки маъракаи пешазинтихоботии Ҳилларӣ Клинтон аллакай рӯзи 14 апрел бо боздид аз иёлат (шата)-и Айова оғоз мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.