Имзои 5 санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея

Дар чаҳорчӯби сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12 апрел бо Президенти ин кишвар хонум Пак Хин Хе мулоқоти расмӣ анҷом дода, дар вохӯрӣ масоили вобаста рушди муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Корея баррасӣ шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, аз рушди муносибот ва густариши ҳамкории ду […]

ASIA-Plus



Дар чаҳорчӯби сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12 апрел бо Президенти ин кишвар хонум Пак Хин Хе мулоқоти расмӣ анҷом дода, дар вохӯрӣ масоили вобаста рушди муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Корея баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, аз рушди муносибот ва густариши ҳамкории ду кишвар, бахусус дар солҳои охир изҳори қаноатмандӣ шуда, аз ҷумла зикр гардид, ки давоми 10 сол ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Корея 7 баробар афзуда, ҳоло 16 корхонаи муштарак бо сармояи кореягӣ дар Тоҷикистон фаъолияти самарабахш доранд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашуда дар муносиботи ду кишвар ҳанӯз хеле зиёданд. Соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, кӯҳкорӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, телерадиокоммуникатсия ва электроника, маориф, тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист, обрасонӣ, илму фарҳанг ва муҳоҷирати корӣ дорои дурнамои умедбахш барои рушди муносиботи ҳамаҷонибаи ду кишвар номида шуд.

Таъкид гардид, ки ҳарду ҷониб ба ҷалби муҳоҷирони кории Тоҷикистон ба Корея ҳавасманд мебошанд ва барои ин корҳои заруриро анҷом хоҳанд дод.

Пас аз анҷоми мулоқот 5 санади нави ҳамкории дуҷониба –  Созишномаҳо миёни Ҳукумати ҶТ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба алоқаи ҳавоӣ ва оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмию техникӣ, Ёддоштҳои тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва вазорати корҳои хориҷии Корея, миёни вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва вазорати фарҳанг, варзиш ва сайёҳии Корея оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат ва миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва вазорати фарҳанг, варзиш ва сайёҳии Корея оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш ба имзо расид:

Гуфта мешавад, тафсилоти ҳамкории Тоҷикистону Корея, пеш аз ҳама дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои гуманитарӣ дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Агентии Корея оид ба робитаҳои байналмилалӣ Йонг Мок Ким баррасӣ шуда, бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Корея тасмим гирифта шуд, ки намояндагии Агентии Корея оид ба робитаҳои байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе боз карда шавад.

Йонг Мок Ким изҳор дошт, ки барои омӯзиши ҳамаҷонибаи арсаҳо ва имконоти рушди ҳамкорӣ ояндаи наздик ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард.

Чунонки зикр гардид, барои бартарафсозии мушкилоти таъмини оби нӯшокӣ ва кишоварзӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи тиб ва бунёди корхонаи коркарди партовҳои саноатию маишӣ дар Тоҷикистон ояндаи наздик тадбирҳои муштараки иловагӣ андешида мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.