Боздошти як оилаи ҷавон ба гумони фурӯши тифли навзод

Кормандони милиса ду сокини шаҳри Душанберо ба гумони даст доштан дар содир намудани ҷинояти марбут ба хариду фурӯши одам боздошт намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия сокинони пойтахт, марди 28-сола ва зани 24-соларо ҳамчун гумонбар дар фурӯхтани тифли навзодашон дастгир карданд. Гуфта мешавад, ки номбурдагон моҳи июни […]

ASIA-Plus



Кормандони милиса ду сокини шаҳри Душанберо ба гумони даст доштан дар содир намудани ҷинояти марбут ба хариду фурӯши одам боздошт намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия сокинони пойтахт, марди 28-сола ва зани 24-соларо ҳамчун гумонбар дар фурӯхтани тифли навзодашон дастгир карданд.

Гуфта мешавад, ки номбурдагон моҳи июни соли 2013 дар назди таваллудхонаи №2,  бо маслиҳати пешакӣ кӯдаки навзоди худро ба зани 41-солаи сокини шаҳри Чкалов ба маблағи 5 ҳазору 430 сомонӣ фурӯхтаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт давом дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.