Оғози маъракаи ваксингузаронии кӯдакон дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон маъракаи ваксингузаронӣ ба кӯдакони синни аз 2 то 4-моҳаро оғоз кард. Дар ин маърака ҳудуди пз 150 то 200 ҳазор кӯдакони ин суннусоли кишвар фаро гирифта мешаванд. Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки маъракаи иммунизатсия […]

Мавзуна Абдуллоева



Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон маъракаи ваксингузаронӣ ба кӯдакони синни аз 2 то 4-моҳаро оғоз кард. Дар ин маърака ҳудуди пз 150 то 200 ҳазор кӯдакони ин суннусоли кишвар фаро гирифта мешаванд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки маъракаи иммунизатсия (сироятнопазирӣ) бо мақсади пешгирии ба бемориҳо мубтало гардидани кӯдакон, сироятнопазир будани атфол ба он ва ҳамчунин беҳбуди сатҳи огаҳии аҳолӣ аз манфиатҳои чунин тадбирҳо гузаронида мешавад. Мавзӯи чорабинӣ«Маҳв намудани фосилаҳо дар иммунизатсия!» мебошад.

Иммунизатсия ҳамчун яке аз чорабиниҳои муваффақона ва самараноки соҳаи тандурустӣ оид ба ҳифзи ҳаёт ва солимии одамон қабул гардидааст. Иммунизатсия боиси пешгирии миллионҳо ҳодисаҳои фавт аз бемориҳои сироятӣ дар ҷаҳон мегардад.

Ёдрас мекунем, ки аз 20 то 25 апрели соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷашни даҳумин

Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия

,ки ҳамасола бо ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ баргузор мегардад, ширкат меварзад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.