Даргузашти коргардони маъруфи тоҷик Бахтиёр Худойназаров

Коргардон ва сенариянавис Бахтиёр Худойназаров дар синни 50-солагӣ дар Олмон аз олам даргузашт. Ахиран ӯ дар шаҳрҳои Маскаву Берлин иқомат дошт. Бахтиёр Худойназаров 29 майи соли 1965 дар Душанбе зода шудааст. Дар радиову телевизион ба ҳайси журналист ва дар киностудияи «Тоҷикфилм» ба сифати ёвари коргардон фаъолият намудааст. Соли 1989 бахши коргардонии Донишкадаи давлатии умумииттифоқи кинематография, […]

Аҳлиддин Салимов



Коргардон ва сенариянавис Бахтиёр Худойназаров дар синни 50-солагӣ дар Олмон аз олам даргузашт. Ахиран ӯ дар шаҳрҳои Маскаву Берлин иқомат дошт.

Бахтиёр Худойназаров 29 майи соли 1965 дар Душанбе зода шудааст. Дар радиову телевизион ба ҳайси журналист ва дар киностудияи «Тоҷикфилм» ба сифати ёвари коргардон фаъолият намудааст.

Соли 1989 бахши коргардонии Донишкадаи давлатии умумииттифоқи кинематография, гурӯҳи ҳунарии Игор Таланкинро хатм кардааст.

Филми нахустини ҳунарии ӯ бо номи «Братан» (Бародар) соли 1991 дар жанри Road-Movie дар биёбони Осиёи Миёна наворбардорӣ шуда, дар ҷашновараҳои байнулмилалӣ ба як қатор ҷоизаҳо сазовор дониста шуд.

Филми дуюми коргардон «Қош-ба-қош» (соли 1993), ки замони даргирҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон наворбардорӣ шуд, дар ҷашнвораи кинои Венетсия ба дарёфти ҷоизаи «Серебрянный лев» (Шери нуқрагӣ) шарафёб гардид.

Филмҳои аз ҷониби Бахтиёр Худойназаров наворбардоришудаи «Лунный папа» (Падари моҳтобӣ) бо ҳунарнамоии актёрон Чулпан Хаматова ва Морится Блябтрой дар соли 1999 низ аз ҷумлаи корҳои арзандаи ӯ ба шумор рафта, драмаи экологии «В ожидании моря» (Дар интизории баҳр) ба ифтитоҳи Ҷашнвораи VII кинои Рим дар соли 2012 ҳусни оғоз бахшид. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.