Иштироки воҳиди таъиноти махсуси Вазорати мудофиа дар тамринҳои СҲШ

Сарбозони воҳиди таъиноти махсус ва гурӯҳи зудамали Вазорати мудофиаи Тоҷикистон таҳти фармондеҳии подполковник Ҷамол Ҳомидов дар тамринҳои муштараки низомии нерӯҳои таъиноти махсуси кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Токмаки Қирғизистон ширкат меварзанд. Роҳбари маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки машқҳои низомии мазкур аз 21 […]

Аваз Юлдошев



Сарбозони воҳиди таъиноти махсус ва гурӯҳи зудамали Вазорати мудофиаи Тоҷикистон таҳти фармондеҳии подполковник Ҷамол Ҳомидов дар тамринҳои муштараки низомии нерӯҳои таъиноти махсуси кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Токмаки Қирғизистон ширкат меварзанд.

Роҳбари маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки машқҳои низомии мазкур аз 21 то 25 апрел доир гардида, дар онҳо масъалаҳои анҷом додани муқовимати муштараки нерӯҳои таъиноти махсуси кишварҳои узви СҲШ бо таҳдидҳои террористӣ дар шароити кӯҳсор омӯзонидаву дар амал ба иҷро расонида мешаванд.

«Рӯзи 24 апрел баргузории марҳилаи фаъоли тамринҳо бо амалҳои тактикӣ аз ҷониби нерӯҳои таъиноти махсусуси кишварҳо дар самти пешгирӣ ва нобуд кардани гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ дар шароити кӯҳсор ва ҳамчунин иҳотаву аз байн бурдани террористон дар биноҳо, ҳамла ва озод кардани гаравгонон дар назар аст», – гуфт манбаъ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.