Маскав ба бозгашти шаҳрвандони қаблан хориҷшудаи Тоҷикистон ба Русия иҷозат дод

Аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти коршиносон ва гурӯҳи кории мақомоти расмии муҳоҷирати Тоҷикистону Русия ба гурӯҳи навбатии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қаблан аз қаламрави Русия истирдод шуда буданд, пеш аз муҳлат иҷозаи бозгашт дода шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ хабар дод, мақомоти Русия ба вуруди 115 нафар шаҳрвандони […]

Аваз Юлдошев



Аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти коршиносон ва гурӯҳи кории мақомоти расмии муҳоҷирати Тоҷикистону Русия ба гурӯҳи навбатии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қаблан аз қаламрави Русия истирдод шуда буданд, пеш аз муҳлат иҷозаи бозгашт дода шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ хабар дод, мақомоти Русия ба вуруди 115 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қаблан барои риоя накардани қонунгузории будубош аз ин кишвар хориҷ шуда буданд, иҷозаи вуруд ба қаламравашро додааст, ки 35 нафари онҳо занон мебошанд.

«Аз оғози соли равон беш аз 400 нафар шаҳрвандони қаблан аз қаламрави Русия хориҷшудаи Тоҷикистон пеш аз муҳлат барои бозгашт ба қаламрави ин кишвар иҷоза гирифтанд», – гуфт манбаъ.

Бино ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, ба санаи 1 январи соли 2015 барои риоя накардани қонунҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия ба зиёда аз 200 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон вуруд ба қаламрави ин кишвар манъ шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.