Милисаҳои тоҷик шаҳрванди Русияро парронданд (навшуда)

Зимни як амалиёти махсус дар қаламрави ноҳияи Панҷ нимаи дуюми рӯзи 23 апрел шаҳрванди 28-солаи Русия аз ҷониби кормандони милисаи Тоҷикистон нобуд карда шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, шаҳрванди Русия Нагебин Семён Михайлович, соли таваллудаш 1987, зодаи Ҷумҳурии Қирғизистон, бо лақаби «Салим» ҳангоми боздошт муқовимати мусаллаҳона нишон дода, аз ҷониби кормандони милисаи […]

ASIA-Plus



Зимни як амалиёти махсус дар қаламрави ноҳияи Панҷ нимаи дуюми рӯзи 23 апрел шаҳрванди 28-солаи Русия аз ҷониби кормандони милисаи Тоҷикистон нобуд карда шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, шаҳрванди Русия Нагебин Семён Михайлович, соли таваллудаш 1987, зодаи Ҷумҳурии Қирғизистон, бо лақаби «Салим» ҳангоми боздошт муқовимати мусаллаҳона нишон дода, аз ҷониби кормандони милисаи ноҳияи Панҷ парронида шудааст.

Дар бораи ҷузъиёти дигари ҳодиса маълумот дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, ба «Азия-Плюс» муяясар шуд, ки баъзе аз паҳлӯҳои ин масъаларо мушаххас намояд. Шаҳрванди Русия то замони парронида шуданаш, бо захми гирифта дар пояш аз силоҳи оташфишон ҳангоми амалиёти махсуси боздошти ӯ, дар беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ таҳти назорати кормандони милиса қарор доштааст.

Тавре як манбаъ аз беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ иттилоъ дод, ин шаҳрванд баъди муқовимати мусаллаҳонаву бо корд ҳамла кардан ба корманди милиса, ки дар натиҷа кормандони милиса аз силоҳ истифода бурдаанд, аз пояш захм гирифта, дар шуъбаи ҷарроҳии бемористон бистарӣ шудааст. Аммо рӯзи 23 апрел Нагебин бо як навъе дастонашро аз завлона озода намуда, ба таппончаи милисаи палатаи онҳоро посбонидошта соҳиб мешавад ва кӯшиш мекунад, ки аз бемористон гурезад.

Ба гуфтаи манбаъ, кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳия каме дуртар аз бинои Хонаи маишӣ гурезаро иҳота намуда, ҳаноми муқовимати мусаллаҳона ӯ кушта мешавад.

Алҳол мушаххасан маълум нест, ки нахуст мақомоти интизомӣ С.Нагебинро маҳз бо кадом сабаб боздошт карданӣ будаанд. Дар сомонаи ВКД Тоҷикистон низ сабабҳои боздошти шаҳрванди Русия шарҳ дода нашудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер