Писарони раиси пойтахт ҷоизадорони Ҷоми Душанбе оид ба теннис

Дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе рӯзҳои 25-26 апрел бахшида ба ҷашни 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 мусобиқаи кушода байни дӯстдорони теннис барои Ҷоми пойтахти Тоҷикистон доир гардид. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Ҷамолиддин Убайдуллоев, сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки фарзанди бузурги Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси […]

ASIA-Plus



Дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе рӯзҳои 25-26 апрел бахшида ба ҷашни 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 мусобиқаи кушода байни дӯстдорони теннис барои Ҷоми пойтахти Тоҷикистон доир гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Ҷамолиддин Убайдуллоев, сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки фарзанди бузурги Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе мебошад, дар қувваозмоии ниҳоӣ бар ғолиби порсолаи ин мусобиқа Қосим Раҷабмадов, корманди масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, пирӯз шуд ва бо мукофоти аслӣ – Ҷоми Пойтахт, медали тилло ва тӯҳфаҳо  сарфароз гашт. Ба Раҷабмадов барои ҷойи дуюм ҷому медали нуқра ва тӯҳфаҳо супурда шуд.

Гуфта мешавад, Амирҷон Убайдуллоев, бародари хурдии Ҷамолиддин, ки муовини мудири шӯъбаи молияи Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон аст, ҷойи сеюм ва Баҳодур Ҳомидов, прокурори ноҳияи Синои Душанбе, ҷойи чорумро гирифтанд. Ҳарду бо ҷому медалҳои биринҷӣ ва тӯҳфаҳо мукофотонида шуданд.

Ба ҳамаи ширкаткунандагони мусобиқа ва ҳайати доварон сертификатҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, инчунин тӯҳфаҳои Ширкати мобилии “Мегафон” супурда шуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.