Э.Раҳмон донишҷӯёни осебдидаи покистониро ба Тоҷикистон даъват кард


Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи донишҷӯёнеро, ки аз амали терористӣ дар мактаби низомии Пешовари Покистон осеб дида буданд, барои барқарор кардани солимии ҷисмониву равонӣ ба Тоҷикистон

даъват кард

.

Бино ба маълумоти васоити ахбори оммаи покистонӣ бо истинод ба сафоратхонаи Тоҷикистон дар Покистон, барои донишҷӯёни осебдида Тоҷикистон барномаи махсуси комплексиро омода намудааст.

Ёдрас мекунем, ки 16 декабри соли 2014 бар асари ҳамлаи 9 нафар ҷангиён ба мактаби низомии шаҳри Пешовари Покистон 145 нафар ҳалок шуданд, ки аксари онҳо толибилмони синни аз 10 то 18-сола буданд. На камтар аз 114 нафар аз силоҳи оташфишон захм ва дигар ҷароҳатҳо бардошта, дар бемористонҳо бистарӣ шуданд. Ҳамаи ҳамлагарон ба мактабро низомиёни Покистон ба қатл расониданд.

Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти ВАО, барномаи аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон барои донишҷӯёни покистонӣ омодашуда аз чорабиниҳои фарҳангӣ ва боздид аз макони таърихии Тоҷикистон иборат аст. Ҳадаф аз иқдоми Эмомалӣ Раҳмон барқарор кардани солимии ҷисмониву равонии донишҷӯёни осебдида мебошад.

Нашрия менависад, донишҷӯёни аз амали террористи осебдидаи Покистон дар давраи таътили тобистона аз Тоҷикистон боздид мекунанд ва замони дақиқи ин сафар бо сафорати Тоҷикистон дар Покистон мувофиқа мешавад.

Ҳамчунин таъкид мешавад, ки пас аз Чин Тоҷикистон кишвари дуюм аст, ки донишҷӯёни осебдидаро барои барқарор кардани солимии равониву ҷисмонӣ ба кишвари худ даъват мекунад.

Доираҳои сиёсӣ ва иҷтимоии Покистон аз ин иқдоми неки президенти Тоҷикистон истиқбол намуда, изҳори умедворӣ намудаанд, ки дигар кишварҳо низ ба чунин кумак хоҳанд шитобид, то ки ба ғаму ғуссаи донишҷӯёни покистонӣ таскине бубахшанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва хадамоти матбуоти сарвари давлат то ҳол дар бораи ин иқдоми хайрҳонаи президенти мамлакат маълумот надодаанд.

spot_imgspot_img

Популярное