Акбар Ғуломов муовини Эмомалӣ Раҳмон дар КМО таъин шуд

Директори генералии ҶДММ «Ғаюр Семент» Акбар Ғуломов муовини президенти Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)-и ҶТ таъин шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти КМО Тоҷикистон, ҳафтаи равон дар маҷлисгоҳи КМО ҶТ ҷаласаи Кумитаи иҷроияи КМО ҶТ барпо гардида, Кумитаи иҷроияи КМО ҶТ пешниҳоди Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи ба вазифаи муовини Президенти […]

ASIA-Plus



Директори генералии ҶДММ «Ғаюр Семент» Акбар Ғуломов муовини президенти Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)-и ҶТ таъин шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти КМО Тоҷикистон, ҳафтаи равон дар маҷлисгоҳи КМО ҶТ ҷаласаи Кумитаи иҷроияи КМО ҶТ барпо гардида, Кумитаи иҷроияи КМО ҶТ пешниҳоди Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи ба вазифаи муовини Президенти КМО ҶТ таъин намудани Директори генералии ҶДММ “Ғаюр Семент” Акбар Асадуллоевич Ғуломов баррасӣ намуда, ӯро ба ин вазифа таъин намуд.

Қобили зикр аст, ки Акбар Ғуломов писари собиқ муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Асадулло Ғуломов аст, ки моҳи августи соли 2011 жар синни 58-солагӣ зимни сафари корӣ ба нерӯгоҳи Роғун дар дохили чархбол ба ҳалокат расида буд.

Гуфта мешавад, дар ин ҷаласа директори генералии КМО ҶТ Муҳаммадшо Абдуллоев дар бораи ҳайати Ситод оид ба татбиқи “Барномаи мусоидат ба омодагии номзадҳо ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия ва ширкати ҳайати варзишии Тоҷикистон дар ин бозиҳо” иттилоъ дод. Ҳайати Ситод тасдиқ шуд, ки сардори он раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Рустам Абдуллозода таъин гардид.

Дар бораи рафти иҷрои “Барномаи мусоидат ба омодагии номзадҳо ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия ва ширкати ҳайати варзишии Тоҷикистон дар ин бозиҳо” сардори шӯъбаи варзиш ва таълимоти олимпии КМО ҶТ Маҳмуди Абдулло иттилоъ дод. Вай гуфт, “15 нафар беҳтарин варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои олимпиву мусобиқоти ҷаҳонӣ, қитъавӣ ва байналмилалӣ натиҷаҳои баланд нишон додаанд, ба гирифтани стипендияҳои олимпӣ ҷиҳати омодагӣ ва ширкат дар мусобиқоти литсензионӣ барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ мушарраф шудаанд. Дар ин рӯйхат варзишгарони номдор, ба мисли гурзандоз Дилшод Назаров, муштзанҳо Мавзуна Чориева, Анвар Юнусов, гуштигирон Зелимхон Юсупов, Комроншоҳи Устопириён, Искандари Рустам, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, таэквондочиён Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов, Моҳрӯ Ҳалимова ва дигарон ҳастанд.”  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.