Омодагии ҳукумат ҷиҳати кумак ба бозгашти ҷангиёни тоҷик аз Ироқу Сурия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон тасмим гирифтаанд,  ҷавононе, ки гумроҳ шуда ба Сурия, Ироқ ва дигар давлатҳо дар муноқишаҳо иштирок намуда ва бисёриҳо пушаймон шуда ба Туркия ё дигар давлат баргаштаанд, метавонанд ба хонаҳои худ ихтиёран баргарданд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон хабар дод, тибқи маълумоти […]

ASIA-Plus



Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон тасмим гирифтаанд,  ҷавононе, ки гумроҳ шуда ба Сурия, Ироқ ва дигар давлатҳо дар муноқишаҳо иштирок намуда ва бисёриҳо пушаймон шуда ба Туркия ё дигар давлат баргаштаанд, метавонанд ба хонаҳои худ ихтиёран баргарданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон хабар дод, тибқи маълумоти мавҷуда, даҳҳо нафар шаҳрвандони кишвари мо сафҳои созмону гурӯҳҳои мусаллахи ғайриқонуниро тарк карда, айни замон дар қаламрави Туркия қарор доранд.

«Онҳо аз тарси таъқиб ба ватан барнамегарданд, вале мо ба онҳо хотиррасон мекунем, ки мутобиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, шахсони ихтиёрӣ сафҳои гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонуниро таркгуфта аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд», – гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз зимни суханронӣ дар семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷавонон: ҳамкорӣ дар бартарафсозии ақидаҳои экстремистӣ (ифротгароӣ)» дар Кӯлоб, ки бо ташаббуси ВКД ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ созмон дода шуд, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар ин робита қайд намуд, ки имрӯз дар сафҳои созмону гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар қаламрави Ироқу Сурия 384 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд, ки 40 нафарашонро оилаҳояшон ҳамроҳӣ мекунанд.

Ба гуфтаи вазир, феълан дар Тоҷикистон нисбати 150 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар Ироқу Сурия меҷанганд, парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.

Қобили зикр аст, ки ахири ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон


вохӯрии


намояндагони ВАО ва ҷавонон бо шаҳрванди Тоҷикистонро, ки аз Сурия баргаштааст, барпо намуд. Вохӯри дар маҷмааи «Кохи Ҷомӣ» ташкил гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.