Рӯзи дави миллии навбатӣ дар Тоҷикистон

Соли ҷорӣ Рӯзи дави миллӣ дар Тоҷикистон рӯзи 17 май баргузор мешавад. Аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ин чорабинӣ дар доираи таҷлили ҷашни Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар саросари кишвар доир гардида, дар шаҳри Душанбе иштирокдорон аз мавзеи «Чорбоғ» (ноҳияи Варзоб) ба давидан оғоз […]

Аваз Юлдошев



Соли ҷорӣ Рӯзи дави миллӣ дар Тоҷикистон рӯзи 17 май баргузор мешавад.

Аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ин чорабинӣ дар доираи таҷлили ҷашни Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар саросари кишвар доир гардида, дар шаҳри Душанбе иштирокдорон аз мавзеи «Чорбоғ» (ноҳияи Варзоб) ба давидан оғоз намуда, дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт онро ба итмом мерасонанд.

Қобили зикр аст, ки Рӯзи дави миллӣ маъмулан ба масофаҳои 3, 5 ва 10 километр доир гардида, ҳамчунин дар тамоми марказҳои вилояту ноҳияҳо мусобиқаҳои давидан ба масофаҳои гуногун низ баргузор мешаванд.

Дар ин чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ ҳамаи қишри аҳолӣ, шурӯъ аз роҳбарони вилояту ноҳияҳо ва то ба кӯдакони хурдсол ширкат варзида, ғолибони мусобиқаҳо бо туҳфаҳо қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Ёдрас мекунем, ки бо супориши сарвари давлат, баҳри рушди ҳаракати олимпӣ дар кишвар шурӯъ аз соли 2007 ҳамасола дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ Рӯзи дави миллӣ баргузор мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.