Ҷавонони Кӯлоб ақидаҳои ифротгароиро қабул надоранд

Дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб имрӯз бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар ҳамдастӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ дар мавзӯи «Мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷавонон: ҳамкорӣ дар бартарафсозии ақидаҳои экстремистӣ (ифротгароӣ)» семинари умумиҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир гардид. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Хайруллои Амонулло фаъолони ҳаракату созмонҳои ҷавонон аз тамоми […]

Турко Дикаев



Дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб имрӯз бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар ҳамдастӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ дар мавзӯи «Мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷавонон: ҳамкорӣ дар бартарафсозии ақидаҳои экстремистӣ (ифротгароӣ)» семинари умумиҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир гардид.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Хайруллои Амонулло фаъолони ҳаракату созмонҳои ҷавонон аз тамоми минтақаҳои кишварро хайра мақдам гуфта, иброз дошт, ки сокинони шаҳр аз қабули «ояндаи ҷумҳурӣ» ифтихорманданд.

Дар суханрониҳои худ назди иштирокдорони семинар вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода ва раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки аллакай аз имрӯз масъулияти рушду пешбурли кишварро ба уҳда гиранд, зеро фардо онро мебояд боз ҳам бештар рушд дод.

Дар кори семинар намояндлагони мақомоти интизомӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи кор бо занон, Кумитаи умури дин ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок ва маърӯзаҳо карданд.

Дар семинар қайд шуд, ки имрӯз дар даргириҳои Сурия ва Ироқу Афғонисторн аз 200 то 400 нафар тоҷикистониён ҳузур доранд. Коршиносон оид ба роҳу воситаҳои пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳу созмонҳои ифротгаро ва иштироки онҳо дар ин даргириҳо тариқи тақвияти сиёсати ҷавонон, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар тарбияи фарзандон ва ғайра ибрози назар намуданд.

Дар доираи чорабиниҳои семинари умумиҷумҳуриявӣ ҳамчунин дар назди Қасри фарҳанги шаҳри Кӯоб намоишгоҳи дастовардҳои донишҷӯёни мактабҳои олии вилояти Хатлон созмон дода шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.