Омодагии БИР ба саҳмгузорӣ дар лоиҳаҳои зербиноӣ дар Тоҷикистон

Сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Аъзамшо Шарифӣ дар  шаҳри Ҷидда бо раиси Бонки исломии рушд (БИР) Аҳмад Муҳаммад Алӣ мулоқот анҷом дод. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд дар заминаҳои гуногун баррасӣ гардида, ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз натиҷаҳои ҳамкории босамари бисёрсола, омодагии худро […]

ASIA-Plus



Сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Аъзамшо Шарифӣ дар  шаҳри Ҷидда бо раиси Бонки исломии рушд (БИР) Аҳмад Муҳаммад Алӣ мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд дар заминаҳои гуногун баррасӣ гардида, ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз натиҷаҳои ҳамкории босамари бисёрсола, омодагии худро ба татбиқи лоиҳаҳои нави муҳимми зербиноӣ таъкид намуданд.

Гуфта мешавад, сафири Тоҷикистон бо назардошти аҳаммияти глобалии мавзӯи об, раиси БИР-ро бо аҳдоф ва мӯҳтавои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» 2005-2015  шинос намуда, ба ӯ маводди муаррифиро тақдим кард.

Зимнан зикр мегардад, ки доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ ба ҳукумати Тоҷикистон барои даъват ба Конфронси об изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид дошт, ки Бонки исломии рушд дар ин чорабинӣ дар сатҳи баланд иштирок хоҳад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.