Рӯзҳои 14-16 майи соли 2015 Такаши Камада, сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дода, дар чаҳор маросими анҷом ёфтани лоиҳаҳои Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ (GGP), ки дар ноҳияҳои Мастчоҳ, Исфара, Конибодом ва Ғончӣ амалӣ гаштанд, ширкат варзид.
Ҳар чор маросим ба хотири бомуваффақ ба анҷом расидани лоиҳаҳои кӯмакҳои бебозгашт, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷопон маблағгузорӣ шудаанд, баргузор гардид.
Дар ин маросимҳо раисони ҳар як ноҳияи марбута мушорикат варзида, минҷумла Ғайрат Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ, Даврон Зоҳидзода, раиси ноҳияи Исфара, Ғайбулло Боҳирӣ, раиси ноҳияи Конибодом ва Рустам Ҷӯраев, раиси ноҳияи ба ҳукумат ва халқи Ҷопон барои дастгирӣ миннатдории самимӣ баён намуданд.
Таърихи 14 майи соли 2015 маросими ба охир расидани “Лоиҳаи барқарор намудани шӯъбаи сироятии беморхонаи минтақавии ҷамоати “Оббурдон”-и ноҳияи Мастчоҳ” баргузор шуд. Барои амалӣ гаштани лоиҳаи мазкур ба ҳокимияти маҳалии ноҳияи Мастчоҳ аз тарафи ҳукумати Ҷопон маблағи умумии 113,745 доллари ИМА дастрас гашт. Феълан бо анҷоми бомуваффақи лоиҳа, бинои шӯъбаи инфексионии беморхонаи минтақавӣ пурра барқарор гашта, тамоми беморон ва кормандони беморхона аз он манфиат мебаранд.
Рӯзи баъдӣ, 15 майи соли 2015 маросими ба анҷом ёфтани “Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти мактабӣ ба 7 мактаби миёнаи ноҳияи Исфара” дар ноҳияи Исфара баргузор гардид. Барои лоиҳаи мазкур ба мақомоти иҷроияи маҳалии ноҳияи Исфара маблағи 88,529 доллари ИМА аз тарафи Ҳукумати Ҷопон ҷудо гардида буд. Тавассути лоиҳаи мазкур 7 мактаби маҳалҳои гуногуни ноҳияи Исфара бо мизу курсӣ, тахтаи синфӣ ва ҷевонҳои нав муҷҷаҳаз гаштанд, то хонандагон ва омӯзгорони мактаб аз онҳо истифода баранд.
Баъди маросим дар ноҳияи Исфара, сафир дар маросими анҷоми бомуваффақи “Лоиҳаи барқарор намудани шӯъбаи таваллуди беморхонаи марказии ноҳияи Конибодом” ширкат варзид. Барои азнавсозии шӯъбаи тавлидгоҳи беморхонаи марказии ноҳияи Конибодом маблағи 100,993 доллари ИМА ҷудо гардид. Дар чаҳорчӯбаи лоиҳа, беморхонаи мазкур ҳамчунин бо таҷҳизоти тиббӣ аз қабили инкубаторҳо барои кӯдакони навзод муҷҷаҳаз гашт, ки барои модарон ва кӯдакони навзод муҳити нибатан беҳтари табобатиро фароҳам овард.
Гуфта мешавад, 16 майи соли ҷорӣ, Камада барои ширкат дар маросими ба охир расидани “Лоиҳаи дастрас намудани техникаи кишоварзӣ ба қишлоқи “Дархон”-и ҷамоати “Исмоили Сомони”-и ноҳияи Ғончӣ” ба ин ноҳия ташриф овард. Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи мазкур ба ҳокимияти маҳалии ноҳияи Ғончӣ барои дастрас намудани маҷмӯи техникаи кишоварзӣ бо мақсади беҳтар гардонидани самаранокӣ ва маҳсулнокии соҳаи кишоварзӣ маблағи 98,461 доллари ИМА ҷудо гашта буд.
Дар баробари сафир ва раисони ноҳияҳои фавқуззикр, дар ҳамаи маросимҳо мардуми маҳаллӣ ва ашхоси дигаре, ки дар пиёда сохтани лоиҳаҳо талош варзида буданд, иштирок доштанд. Дар вақти баргузории маросимҳо, ҷаноби Камада ҳамчунин қайд намуд, ки лоиҳаҳои кӯмакҳои башарӣ таҷассумгари муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон мебошанд.
Биноан ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ дар ҳамкорӣ бо мардуми Тоҷикистон баҳри бунёд сохтани ҷомеаи беҳтар кӯмаки хешро идома диҳад.
Кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) тарҳи Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд мебошад. Алалхусус, лоиҳаҳои кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ барои дастгирӣ намудани соҳаҳои мухталифи бахши аъзами аҳолӣ дар сартосари Тоҷикистон равона карда шудаанд.
Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҳамчунин ба созмонҳои ғайридавлатӣ расонида мешавад. Аз соли 1996 то инҷониб кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 341 лоиҳаро ба маблағи умумии $27.6 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.



