Раиси вилояти Иваново барои вохӯрӣ бо Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон меояд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Ивановои Русия Павел Конковро, ки имрӯз бо сафари серӯза ба Тоҷикистон меояд, ба ҳузур мепазирад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, вохӯрии сарвари давлати Тоҷикистон бо раиси вилояти Иваново субҳи рӯзи 22 май доир гардида, дар он масъалахои густариши ҳамкориҳои минтақаҳои Тоҷикистон […]

Аваз Юлдошев



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Ивановои Русия Павел Конковро, ки имрӯз бо сафари серӯза ба Тоҷикистон меояд, ба ҳузур мепазирад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, вохӯрии сарвари давлати Тоҷикистон бо раиси вилояти Иваново субҳи рӯзи 22 май доир гардида, дар он масъалахои густариши ҳамкориҳои минтақаҳои Тоҷикистон бо ин вилоят баррасӣ мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот ба масоили таҳкими робитаҳои корхонаҳои нассоҷии вилояти Иваново бо пахтакорони тоҷик ва таъмини ҳимоя аз ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони кории тоҷик дар ин минтақаи Русия таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Зимнан зикр гардид, ки рӯзи 22 май Павел Конковро ҳамчунин раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ҳузур пазируфта, раиси вилояти Иванов дар доираи сафар ба Тоҷикистон аз вилояти Суғд ва Хатлон боздид ва бо раҳбарияти ин вилоятҳо низ дидору гуфтушунид мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.