Ташрифи дабири кулли СММ Пан Ги Мун ба Тоҷикистон

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 20 май брифинг доир гардид, ки дар он роҳбарону шахсони масъули намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ бо ҷараёни омодагиҳо ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015, ки рӯзҳои 9-11 июн дар шаҳри Душанбе доир мегардад, шинос карда шуданд. Бино […]

ASIA-Plus



Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 20 май брифинг доир гардид, ки дар он роҳбарону шахсони масъули намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ бо ҷараёни омодагиҳо ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015, ки рӯзҳои 9-11 июн дар шаҳри Душанбе доир мегардад, шинос карда шуданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар брифинг қайд шудааст, ки Конфронси мазкур бар асоси қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) аз 19 декабри соли 2014 таҳти унвони «Даҳсолаи байнулмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 ва кӯшишҳои минбаъда оид ба ноил гардидан ба рушди устувори захираҳои обӣ» баргузор шуда, дар кори он дабири кулли СММ Пан Ги Мун ширкат хоҳад варзид, ки аз муҳим будани ин чорабинӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ гувоҳӣ медиҳад.

Зикр гардид, ки ҳудуди 72 ҳайати кишварҳои узви СММ ва беш аз 50 созмонҳои минтақавӣ ва байнулмилалӣ ба котиботи Конфронс иштирокашон дар ин чорабиниро тасдиқ карда, шумори то имрӯз сабтшудаи иштирокчиёни  Конфронс наздики 700 нафарро ташкил медиҳад, ки тамоми минтақаҳои ҷаҳонро намояндагӣ мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.