Дипломати тоҷик ба Покистон баъди се сол «энергияи тоза ва арзон» ваъда кард

Сафири Тоҷикистон дар Исломобод Шералӣ Ҷононов ба васоити ахбори умуми ин кишвар хабар додааст, ки муҳлати анҷоми амалисозии лоиҳаи минтақавии интиқоли барқи CASA-1000 соли 2018 дар назар аст. «Дар доираи ин лоиҳа мо ба Покистон энергияи тоза ва арзон интиқол медиҳем», – иттилоъ медиҳад нашрияи The Express Tribune  бо такя ба суханони дипломати тоҷик. Сафир […]

Пайрав Чоршанбиев



Сафири Тоҷикистон дар Исломобод Шералӣ Ҷононов ба васоити ахбори умуми ин кишвар хабар додааст, ки муҳлати анҷоми амалисозии лоиҳаи минтақавии интиқоли барқи CASA-1000 соли 2018 дар назар аст.

«Дар доираи ин лоиҳа мо ба Покистон энергияи тоза ва арзон интиқол медиҳем», – иттилоъ медиҳад нашрияи

The Express Tribune

 бо такя ба суханони дипломати тоҷик.

Сафир зикр кардааст, ки баъди чанд моҳ «бевосита амалисозии лоиҳа шурӯъ мешавад, ки панҷ сол пеш дар ин бора танҳо орзу кардан имкон дошт».

Қобили зикр аст, ки дар лоиҳаи CASA-1000  сохтмони хатти интиқоли барқи минтақавӣ барои содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ мешавад.

Дар назар аст, ки нимаи аввали соли ҷорӣ паймонкори кулл барои амалисозии лоиҳа интихоб шуда, корҳои амалисозии лоиҳа бевосита моҳи июни соли равон оғоз шаванд.

Мувофиқи лоиҳа, 70%-и нерӯи барқи содиршаванда ба ҳиссаи Тоҷикистон ва 30% ба ҳиссаи Қирғизистон рост меояд.

Барои амалисозии лоиҳа Бонки ҷаҳонӣ 526,5 млн.доллари ИМА ҷудо кард, аз ҷумла ба сифати бурс ба Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳар кадоме 45 млн. доллари ИМА ва ба сифати қарз ба Афғонистону Покистон мутаносибан 316,5 млн. ва120 млн. доллари ИМА.

Мебояд гуфт, аз рӯи натиҷаҳои 

ҷаласаи навбатии Шӯрои байниҳукуматии лоиҳаи CASA-1000

, ки дар Истамбул доир гардид, рӯзи 24 апрели соли равон  як қатор созишномаҳои лоиҳавӣ ба имзо расиданд.

Аввали соли ҷорӣ иттилоъ дода будем, ки 

барои маблағгузорӣ

 ба амалисозии қисмати Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) дар қаламрави кишвар, мақомоти Тоҷикистон сармоягузоронро дарёфт намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.