Бозори маҳаллаи 33-юми пойтахт муваққатан баста шуд

Аз субҳи имрӯз бозори «Деҳқон» дар маҳаллаи 33-юми шаҳри Душанбе баста шуд. Фурӯшандагон назди дарвозаи ин бозор ҷамъ шуда, боз кардани онро талаб доранд. Яке аз онҳо ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки онҳо ҳар моҳ андоз ва арзиши иҷораро пардохт мекунанд ва намефаҳманд бо кадом сабаб бозор баста шудааст. Сардори хадамоти оташнишонии ноҳияи Сино Музаффар […]

Аҳлиддин Салимов



Аз субҳи имрӯз бозори «Деҳқон» дар маҳаллаи 33-юми шаҳри Душанбе баста шуд.

Фурӯшандагон назди дарвозаи ин бозор ҷамъ шуда, боз кардани онро талаб доранд. Яке аз онҳо ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки онҳо ҳар моҳ андоз ва арзиши иҷораро пардохт мекунанд ва намефаҳманд бо кадом сабаб бозор баста шудааст.

Сардори хадамоти оташнишонии ноҳияи Сино Музаффар Ғуломо ба «Азия-Плюс» дар ин робита гуфт, «то замоне, ки ҳамаи камбудиҳои аз ҷониби хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе ошкоршуда бартараф карда нашаванд, бозор баста хоҳад буд».

Зафар Гулов, муовини раиси ноҳияи Сино таваҷчуҳи тоҷиронро ба он ҷалб намуд, ки баъзе фурӯшгоҳҳо бевосита дар наздикии манзилҳои зист гузошта шудаанд, ки дар сурати сар задани сӯхтор ба оташнишонон мушкил эҷод мекунад.

«Камбудиҳои ба ин монанд дар бозори «Зарафшон» низ ҷой доштанд ва ҳангоми сӯхтор автомашинаи сӯхторхомӯшкунӣ бо сабаби пеши роҳ ба макони сӯхторро банд кардани ҳамин гуна фурӯшгоҳҳо, ба он ҷо ворид шуда натавонист. Дар он сӯхтор кӯдаки 6-сола ба ҳалокат расид», – иброз дошт ӯ.

Хайриддин Исмоилов, директори масъули бозори «Деҳқон» мегӯяд, ин фурӯшгоҳҳо аз соли 2000 бо қарори собиқ раиси ноҳия Сино гузошта шуда буданд. «Тоҷирон ин фурӯшгоҳҳоро ғайриқонунӣ сохтаанд. Мо ин масъаларо ҳал намуда, баъдан бозорро боз мекунем», – гуфт ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.